Ҳар миллате, ки соҳаи маорифро муҳим медонад, на танҳо дар фикри имрӯзи худ, балки дар андешаи ояндаи насли худ аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ин мазмун таъкид намуданд: «Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».
Чунин андешаронии Сарвари давлат бори дигар далели он аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлат табдил ёфта, тақдири ҳар як наврас барои калонсолон муҳим арзёбӣ мегардад.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ муайян гардида, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он, тамоми имконоти худро истифода мебарад ва барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош дорад. Ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ гардида, ба амалишавии афзалиятҳои муайяншуда оид ба сатҳи зиндагӣ, саводнокию маърифат, давомнокии умр ва дар маҷмуъ, ба пешравии ҷомеа, болоравии сатҳи зеҳнияти инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сазовори аҳолӣ таъсири мусбат гузоштаанд. Ҳамзамон, собит гардидааст, ки мактабу маориф, инчунин, омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошанд. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насле, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад.
Тавре ки мушоҳида мегардад, вақтҳои охир, хусусан чор-панҷ соли охир, дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст. Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол 50 ҳазор одам кушта шуд, ки 17 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки бо ҳазорон умеду орзу бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон пайваста зери назар ва ғамхории Сарвари давлат қарор доранд ва барои рушди соҳаи маориф пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Инро мо аз бунёди боғчаву муассисаҳои таълимӣ, чопи китобҳо, таъмини ҳуҷраҳои дарсӣ мушоҳида менамоем. Дар баробари ин, танҳо чун далел мисол овардани 3 озмуни миллӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” кофист, то бидонем, ки Президенти ин мамлакат ба насли нав то куҷо ғамхору хушбин аст. Бояд гуфт, ки ин озмунҳо таҳти назари Пешвои миллат ҷараён мегиранд ва дар чанд соли охир самараи онҳоро мебинем.
Мамадҷон МАВЛОНОВ,
омӯзгори МТМУ №7-и ба номи Рустамҷон Ҳасанов,
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич