Сомонаи Институти иқлимшиносии Колумбия (
https://news.climate.columbia.edu) маводи пажӯҳишгар Ҷозеф Грифитсро доир ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо нашр намуд, ки дар он аз ибтикороти Тоҷикистон дар ин самт зикр шудааст. Муаллиф ба таъкид иброз медорад, ки маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон 14-уми декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаи махсус соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид. Манбаъ менависад, ки ин ташаббус дар сатҳи ҷаҳонӣ муколамаи дипломатияи байналмилалиро ба миён меорад ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои пешгирии мушкилоти бавуҷудомадаи криосфера муттаҳид мешаванд.
Тибқи иттилои сомонаи “news.climate.columbia” чанде пеш дар доираи ҷашни якҷояи аввалин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО, шаҳри Париж, конфронси сатҳи баланд баргузор гардид. Яке аз нуқтаҳои асосии чорабинӣ муҳокимаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29 то 31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маҳсуб меёфт. Конфронс ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши онҳо дар идоракунии устувори захираҳои обӣ, инчунин, таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар рафти он пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва равишҳои ҳамгирошуда дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва об таъкид гардид. Қобили зикр аст, ки вохӯрии мазкур майдони махсуси муколама ва амал дар самти вазъи пиряхҳои ҷаҳон, таъсири онҳо ба амнияти обии ҷомеа ва экосистемаҳо арзёбӣ мегардад. Ин нишастҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳолеанд, ки хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Аллакай, зиёда аз ҳазор пирях дар кишвар об шудааст. Ин рақам барои кишваре, ки тақрибан 80 дарсади маҳсулоти кишоварзиаш аз заминҳои обёришаванда гирифта мешавад, оқибатҳои манфӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори аввал 21-уми марти соли 2025 ҷашн гирифта шуд. Он рӯз бори дигар мардумони оламро барои ҳифзи ҳаёти насли оянда раҳнамун сохт.
Ҳамин тавр, ибтикороти кишвари моро на танҳо расонаҳои хориҷӣ инъикос менамоянд, балки дар марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”