Таърих дар хотира ҷойгоҳ ва манзалати шахсиятҳои бисёрро сабт намудааст. Агар мо ба гузаштаи миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз ин равзана назар афканем, мебинем, ки мақоми шахсиятҳо дар офариниши таърих ва баъзан як назар ва каломи онҳо дар раҳнамоии миллату халқиятҳо ба сӯи бунёдкориву созандагӣ хеле бузург ва таъсиргузор аст. Яке аз ин гуна шахсон ходими намоёни давлатӣ, яке аз поягузорони маорифи Тоҷикистон Баҳринисо Тоҳирова (1907-1994) мебошад, ки дар аввалҳои асри ХХ (солҳои бистум ва сиюм) бо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур (1899-1937) ҳамкору ҳамафкор буда, барои истеҳкоми пояҳои маорифи тоҷик талош намудаанд.
Баҳринисо Тоҳирова дар ёддоштҳои худ зикр менамояд: “Душвориҳои солҳои аввали муаллимӣ дар Дорулмуаллимини тоҷик чун лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд” ва дар ёд меоваранд, ки чӣ гуна барои дифоъ аз забону фарҳанг ва шарафу номуси миллат ва ҳайсияту шарофати миллӣ талошҳо сурат гирифтаанд. Ҳарчанд ин талошу муборизаҳо бо баҳои ҷони фарзандони бонанги миллат анҷом шудааст, вале барои бақои миллат, ҳайсияти миллат ва ба даст овардани мероси ғасбнамудаи таърихи миллат мусоидат намудааст.
Маҳз ин афкору ин хостаҳои миллат шахсиятҳоро ба ҳам овардаву сари як арзиш онҳоро муттаҳид намудааст. Ҳатто дар дидору мулоқоти аввалини хеш ҳам аз забону фарҳангу вазъияти миллати хеш сухан гуфтаанду бо ин ормонҳо зиндагӣ намудаанд. Махсусан, Баҳринисо Тоҳирова аз дидори аввалини хеш бо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар хотироташ ёдовар шуда, зикр намудааст, ки “Шиносоии ман бо Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1923 дар шаҳри Тошканд оғоз гардид. Ӯ марди фарҳангдӯсту маорифпарвар буд”. Моҳи майи соли 1923 дар назди КМҲ Туркистон шуъбаи комсомол ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ташкил шуд. Ба ҳайати сексияи тоҷикӣ, дар баробари арбобони давлативу фарҳангӣ чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад Саидризо Ализода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Аббос Алиев ва Баҳринисо Тоҳирова шомил гардид.
Вазифаи асосии сексия ба халқ сиёсати миллии ҳукумати шуравиро дуруст расондан, тарбияи кадрҳои миллии зиёӣ, нашри рӯзномаю маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ, ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон, мубориза ба муқобили босмачигарӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва духтарон, ташкили мактабҳо ва донишкадаҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Тошкент, Фарғона буд.
Бо қувваи аъзоёни шуъбаи комсомолӣ ва Ҳизби Коммунистӣ дар кӯчаи Пушкини шаҳри Тошкент нахустин Донишкадаи Дорулмуаллимини тоҷик, мактабҳои маҳви бесаводӣ, мактаби дараҷаи 1-ум барои толибилмони тоҷик ва аввалинбор дар шаҳри Самарқанд рӯзномаи “Овози тоҷик” ташкил карда шуд. Аввалин муаллимони ин мактабҳои тоҷикӣ Нисор Муҳаммад, Собит Манофзода, Абулқосим Лоҳутӣ буданд. Шуъбаи комсомолӣ ва Ҳизби Коммунистӣ дар Дорулмуаллимини тоҷик донишҷӯёнро муттаҳид намуда, дар кори барпо намудани шароити мусоид барои таҳсили толибилмон диққати калон медод.
Баҳринисо Тоҳирова дар ёдномаи худ зикр менамояд: “Дар ёд дорам, соли 1925 Шириншоҳ бо хурсандиву шодӣ ба тарафи ман нигоҳ карда гуфт: “Баҳринисо дар рӯзҳои наздик як рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад”.
Ҳадафи таъсиси рӯзномаи тоҷикӣ ин дастгирӣ ва тарғиби забони тоҷикӣ дар марказҳои фарҳанги тоҷикон аст. Соли 1925 ба забони тоҷикӣ бо роҳҳои гуногун фишор оварда мешуд ва ҳатто хатари тамоман нестшавии он дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона ба вуҷуд меомад. Моҳи феврали соли 1925 масъалаи нашри як рӯзномаи тоҷикӣ аз тарафи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамфикронаш дар Тошканд ба миён омад. Шириншоҳ Шоҳтемур барои ошно шудан ва омӯхтани вазъи мактабҳои тоҷикӣ ба шаҳри Самарқанд рафт. Дар Самарқанд маҷлиси машваратӣ бо роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафонаш баргузор гардид ва аз хусуси нашри рӯзномаи тоҷикӣ музокираи бузурге ба миён омад. Дар ин музокирот Садриддин Айнӣ, Маъруф Расулӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Саидризо Ализода, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдураҳим Ҳоҷибоев ширкат намуданд. Барои нашри рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе ҳукумати нав таъсисшудаи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон 6 ҳазор сӯм маблағ ҷудо кард. Ҳамин тавр, рӯзнома 15-уми марти соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба нашр шуруъ кард ва номи “Иди тоҷик”-ро гирифт. Аввалин сармуҳаррири он Аббос Алиев интихоб гардид. Соли 1928 нахустин клуби занони тоҷик дар шаҳри Тошканд таъсис ёфт.Ба ин клуби занон Баҳринисои 21-сола сарварӣ менамуд. Баҳринисои ҷавон дар байни занону духтарони маҳалҳо корҳои тарғиботи бурда, онҳоро ба кори давлатӣ ва хондан ҷалб менамуд. 6-уми марти соли 1928 бо ташаббуси Баҳринисо Тоҳирова ва як гурӯҳ духтарони тоҷик дар шаҳри Тошканд маҷлиси умумии занони тоҷик баргузор гардид. Дар ин маҷлис аз аксар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин: Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Чирчиқ Пискат, Хуҷанд занони тоҷик иштирок ва доир ба баланд бардоштани ҳукуқи занон муроҷиатнома дар бораи озодии занон қабул намуданд, баъдҳо самараи хуб ба бор овард. Баъди чанд муддат Шириншоҳ Шоҳтемур ба Дорулмуаллимини тоҷик ташриф овард. Дар ҳавлии он мулоқоти Шоҳтемур бо донишҷӯён ва муаллимон баргузор гашт. Шоҳтемур ба минбар баромада гуфт: “Ман аз ин гуна занони ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бисёр шодам. Рӯз аз рӯз духтарони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагию мадании мамлакатамон баробари мардон кор мекунанд”.
Ш. Шоҳтемур вазъи замонро таҳлил карда, дар ҳаёти ҷамъиятии одамон онро татбиқ менамуд. Вай Ватанро на дар забон, балки бо ҷон дӯст медошт. Ӯ ба қадри сулҳу салоҳи ваҳдату озодии кишвар мерасид.
Баҳринисо Тоҳирова дар идомаи хотираҳои худ қайд менамояд: “Соли 1934 дар шаҳри Душанбе Омӯзишгоҳи занона ташкил ёфт. Сарвари онро бар дӯш доштам. Дар кушодани Омӯзишгоҳ Шоҳтемур ҳам иштирок ва суханронӣ намуд. Шириншоҳ маърузаи худро дар шакли кӯтоҳ ва пурмуҳтаво ба донишҷӯёну муаллимон қироат кард. Дар пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод кушода шудани Омӯзишгоҳи занона ифтихори халқи тоҷик мебошад.
Ин марди фидоӣ дар роҳи пешрафти ҷумҳурӣ ва мамлакат боз бисёр кори хайр карда метавонист. Вале тақдир амри дигар кард. Вай соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд ва дере нагузашта қурбони беадолатиҳои замон гардид. Мардуми тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ифтихор намуда, номи некӣ ӯро ёд мекунад. Зиндагиномаи Шоҳтемур барои насли имрӯзаю ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон намунаи баланди хизмати халқу Ватан мебошад. Чунин шахсияти ҷонфидои миллат дар саҳфаи таърих абадан ҷовидон хоҳад монд.
Бахтовар ТЕМИРЗОДА, ходими калони илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ