19 медали паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё
16-18-уми апрел дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати самбои Осиё миёни наврасону ҷавонон идома ёфт, ки варзишгарони кишвар 11 медал ба даст оварданд.
Миёни наврасон Муҳаммадӣ Мирзозода (-46 кг), Муҳаммадҷон Маҳсуддинзода (-49 кг), Ҳусейн Ҷалилов (-58 кг) медали нуқра, Бахтовар Азизов (-64 кг), Абузар Назаров (-79 кг), Шарифхон Ҳаётов (+88 кг) медали биринҷӣ гирифтанд. Дар зӯрозмоиҳо миёни навҷавонон Амирҷон Шарифов (-58 кг) сазовори медали нуқра, Сафиаллоҳ Ҳикматов (-71 кг) сазовори медали биринҷӣ, миёни ҷавонон бошад, дар самбои варзишӣ Абдулло Қодиров (-64 кг), Абдулло Лоиқов (-79 кг), Фирдавси Баҳодур (-88 кг) ва дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (-79 кг) сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Тавре хабар дода будем, дар ду рӯзи аввал варзишгарони мо 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, тими мунтахаби самбои кишвар дар Чемпионати Осиё миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон, нобиноён ва сустбиноён ба гирифтани 19 медал мушарраф шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
Ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони Душанбе доир гашт
Дар Ниммарафони XV байналмилалӣ дар баробари варзишгарони кишвар давандҳо аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Ниммарафон ба масофаи 21 километру 97,5 метр, аз “Наврӯзгоҳ” оғоз шуда, дар майдони “Дӯстӣ” ба анҷом расид. Имсол, инчунин, мусобиқа байни варзишгарони ҳаваскор ба масофаи 5 км ташкил шуд.
Ҳамин тариқ, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид (1:04.11). Соли гузашта, бо нишондоди 1:04.37 Виталий Шафа аз Украина ҷойи якумро гирифта буд. Имсол бошад, Шафа бо натиҷаи 1:06.12 шашум шуд.
Фенти Гирма аз Ҳабашистон (1:04.14) ва Ҳасан Мирсоатов аз Ӯзбекистон (1:04.42) соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гаштанд.
Миёни бонувон низ намояндаи Ӯзбекистон Екатерина Тингускова бо нишондоди 1:18.31 ғолиб шуд. Русиягиҳо Елена Сергеева бо нишондоди 1:18.34 дуюм ва Александра Вдовиня бо натиҷаи 1:19.06 сеюм шуда ба марра расиданд.
Варзишгарони мо ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни бонувон натавонистанд дар шашгона ҷой гиранд.
МИҲД шаҳри Душанбе ба варзишгароне, ки ҳам миёни мардон ва ҳам бонувон шаш ҷойи аввалро гирифтанд, ҷоизапулӣ тақдим кард. Ҷойи аввал – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ.
БОКС
Даврон Калонов – ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон
Дар шаҳри Степнагорски Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи мураббии шоиста Владимир Камашов доир гашт.
Дар ин мусобиқа кишвари моро 6 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 3 медал ноил шуданд. Даврон Калонов дар вазни 50 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гашт. Ҳилол Саломзода (63 кг) медали нуқра ва Муҳаммад Ҳалимов (48 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”