Дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман муяссар шуд, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ равам ва аз ин амалам дар баробари чандин ихтиёриёни дигар ифтихор намоям. Бале, аз он мефахрам, ки мани ҳанӯз ҳеҷ хидмате ба Ватан накарда, имкон пайдо намудам мисли дигар ҷавонони хуштолеъ аз ин фурсати муносиб истифода барам, заррае ҳам бошад, саҳми худро дар ҳифзи марзу буми Ватан ва пойдории сулҳу субот гузорам, то минбаъд дар назди виҷдонам азоб накашам.
Тайи ду рӯзи дар комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиа қарор доштанам, ки баъдтар моро аз он ҷо ба шаҳри Турсунзода бурданд, ҷавонони бонангу номусеро вохӯрдам, ки бо вуҷуди доштани имтиёзи нарафтан ба хидмати ҳарбӣ (аз ҷумла яккаписар будан дар оила), ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастаанд. Яке аз онҳо Хушдил Қурбонов, зодаи ноҳияи Данғара мебошад, ки баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сарфи назар аз имтиёзи доштааш, хидмат ба Ватанро авло донистааст. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ модарашро аз даст додааст ва барои ба ҷо овардани хидматҳое, ки бояд дар ҳаққи ӯ мекард, хидмат ба Ватан-Модарро ихтиёр намудааст. Инчунин, модареро дидам, ки ҳангоми хабаргирии писараш ӯро сахт ба оғӯш гирифта, бо хушҳолӣ мегуфт: «Бачам, дар ду рӯз, аллакай, ҷавонмард шудаӣ, муборакат бод!". Ин наваскар Ҳасан Каримов аз шаҳри Душанбе буд, ки баробари шунидани суханони модараш табассум дар лабонаш ҳувайдо шуд. Модари ӯ ба ман рӯ оварда гуфт, ки ҳама фарзандонамро дӯст медорам, вале Ҳасанро барои ана ҳамин ҷавонмардиаш – бо амри дил ба хидмати ҳарбӣ пайвастанаш бештар дӯст доштам. Бале, ана ҳамин хел модаронанд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият карда, ба миллат ҳадя мекунанд.
Хушбахтона, тайи чанд соли охир теъдоди ҷавонони худогоҳ, донишманд, дӯстдори Ватани аҷдодӣ рӯ ба афзудан дорад. Ин аст, ки аксари ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд. Онҳо нафаронеанд, ки дар муҳити солими оилавӣ ба воя расида, ҳар зарра хоки Ватанро беҳтар аз дурру гуҳар медонанд. Ин ҷавонон дарк кардаанд, ки Ватан баробарарзиш бо модар аст ва ҳар касе хидмат ба Ватан мекунад, яқинан, хидмати модарро ба ҷо меорад.
Мутаассифона, дар баробари ҷавонони меҳандӯст, ҳастанд нафароне, ки аз хидмат ба Ватан дар гурез буда, дар кишварҳои дуру наздик чандин солҳо дур аз падару модаранд. Магар аз рӯи инсоф аст, ки дар оғӯши гарми Ватан ба воя расиву аз неъматҳояш фаровон истифода барӣ, вале аз хидмати ҳарбӣ фирор намоӣ? Албатта, ҳаргиз не, ин амал хоси ҷавонмард нест.
Дар охир ба ҷавонон гуфтаниам, биёед даст ба дасти ҳам ниҳода, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиашонро барои хидмат ба миллату давлат бахшидаанд, муттаҳидтар бошем, Ватанро боз ҳам ободтар созем. Зеро мо, ҳамон насли баиқболем, ки аз марҳамати Ҷаноби Олӣ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат бархӯрдорем, беҳтарин шароити таҳсил ва рушди шахсиро дар ихтиёр дорем. Аз ин рӯ, бояд хидмат ба Ватан ва садоқат ба Сарвари хирадсолору ояндасози хешро дар ҳар марҳалаи ҳаёт қарзи виҷдонии худ дониста, дар ҳифзи марзу буми кишвари азиз, ки дар домони биҳиштосояш ба камол расидем, устувору собитқадам бошем.
Иброҳими САЙФУЛЛО,
хабарнигор-сарбози “Ҷумҳурият”
РS. Хонандагони рӯзнома бо номи Иброҳими Сайфулло ошноянд, зеро ӯ ҳамчун хабарнигори “Ҷумҳурият” бо таҳияи матолиби ҷолибу ватандӯстона ба дили хонандагони рӯзнома роҳ ёфта буд. Ин ҷавони худогоҳу меҳанпараст бо вуҷуди кори хуб дар идораи рӯзнома ба иҷрои хизмати ҳарбӣ бартарӣ дод ва чанде қабл бо хоҳиши худ ва тавсияи волидонаш ба Артиши миллӣ пайваст, то нахуст сабақҳои ин мактаби ҷавонмардиро дар вуҷуди худ таҷриба кунад.
Ҳайати эҷодии рӯзнома аз тасмими ҳамкори огоҳу бедордили худ, ки акнун сарбози содиқи Ватан аст, истиқбол намуда, барояш хизмати бобарори ҳарбӣ таманно доранд ва амалкарди ӯро намунаи ибрат мешуморанд.