Чанде пеш шоҳиди боз як санаи муҳими таърихӣ гардидем: имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ, ки қаробати моро бо ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон боз ҳам тақвият мебахшад. Дар зимн, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасида низ фараҳбахш аст.
Дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон стела (сутунпоя)-и рамзӣ ифтитоҳ ёфт, ки ифодагари дӯстии абадии се халқ мебошад.
Бояд гуфт, ки таҳкими муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти ҷумҳурӣ, қарор дорад. Мо шоҳидем, ки аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба ин самти фаъолият Сарвари давлат диққати махсус медиҳанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем».
Дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию амниятӣ низ тақвият меёбанд, ки барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ боз ҳам мусоидат хоҳанд кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии наврӯзӣ зимни суханронӣ иброз доштанд: «Ин ҷашн ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозад».
Барномаи фарҳангие, ки пешкаши аҳли нишаст гашт, боз ҳам ифодагари муштаракоти фарҳангии мо буд. Дар ҳақиқат, фарҳанг як рукни ҳастии миллат ва пайвандгари халқҳост, ки намунаи барҷастаи фарҳанги мо дар ойинҳои наврӯзиамон таҷассум ёфтаанд.
Дар ҳақиқат, Наврӯз ба устувор гаштани риштаҳои дӯстӣ мусоидат кардаву миллатҳоро қаринтар месозад ва халқро ба ваҳдат мехонад. Ваҳдати халқҳоро мо бори дигар дар Хуҷанди бостон дидем, ки зери шиори дӯстии абадӣ ҳама аз як гиребон сар баровард ва Тоҷикистон мизбони ин ҳама шукӯҳу ҷалол буд.
Мо – мардуми тоҷик, аз ин иқдоми шоистаи роҳбарони давлатҳо хушнудем ва низ арзиши ин дӯстиро пос медорему барои ба наслҳои оянда мерос мондани он талош меварзем. Ба оянда хушбин ҳастем ва ҳам умедвор, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳо сол ба солу беш аз пешу беш аз беш тақвият меёбанд.
Қудратулло САФАРЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе