Баргашт Чоп кардан

САМБО

Дурахши паҳлавонони собиқадори кишвар дар Чемпионати Осиё
Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз Чемпионати самбои Осиё миёни наврасон, ҷавонону калонсолон, 19-20-уми апрел зӯрозмоиҳои собиқадорон доир гашт, ки намояндагони кишвар дар он 8 медал ба даст оварданд.
Собирҷон Сулаймонов (88 кг), Хайрулло Назриев (+98 кг), Зайдулло Қурбонов (98 кг) – медали тилло, Алишер Ғарибшоев (79 кг), Абдулҳамид Раҳимов (98 кг), Расул Ҳодизода (71 кг) – медали нуқра, Рамиз Ҷӯраев (71 кг) ва Хайёмиддин Хоҷаев (88 кг) – медали биринҷӣ гирифтанд.
ФУТБОЛ
Чемпионати Тоҷикистон ҷараён дорад
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, чемпиони феълии Тоҷикистон, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ медорад. Дар даври шашум “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Барқчӣ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин ғалабаи панҷуми душанбегиҳо дар мавсими имсола мебошад.
Дар панҷ бозии дигари даври шашум «Ҳулбук» аз «Хуҷанд» (1:2), КМВА аз «Вахш» (1:2) мағлуб шуда, «Регар-ТадАЗ» бо “Эсхата» (1:1), «Панҷшер» бо “Равшан” (1:1), «Ҳосилот» бо «Истаравшан» (1:1) мусовӣ бозӣ карданд.
Баъд аз натиҷагирии шаш давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 16 хол дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 14 хол дар ҷойи дуюм ва “Равшан” бо 11 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ доранд.
Мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи “Ҳосилот” истеъфо дод. Ин даста бо роҳбарии Амин Субҳонӣ дар шаш даври чемпионат пирӯзӣ ба даст наовард. Сармураббии нави “Ҳосилот” Зайниддин Раҳимов таъин шуд.
Бозиҳои даври ҳафтум 25-27-уми апрел баргузор хоҳанд шуд. Дар ин давр «Хуҷанд» бо «Барқчӣ», «Эсхата» бо «Истиқлол», «Равшан» бо «Ҳулбук», «Истаравшан» бо “Вахш”, «Регар-ТадАЗ» бо КМВА ва «Ҳосилот» бо «Панҷшер» вомехӯранд.
ҶУДО
Паҳлавонони кишвар ба чемпионати Осиё мераванд
25-27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати ҷудои Осиё баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик ширкат мекунанд.
Ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои иштирок дар мусобиқаи қоравӣ 295 варзишгар аз 30 давлат номнавис шудааст. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки 13 варзишгар (9 мард, 4 зан)-ро ба Бангкок сафарбар мекунад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) – миёни мардҳо, Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) – миёни бонувон.
Ҳамчунин, бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар Тоҷикистон дар зӯрозмоиҳои даставии омехта низ ширкат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар чемпионати гузашта дар Ҳонг Конги Чин тими ҷудои кишвар 3 медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолии кишвар паҳлавонони мо дар чемпионатҳои ҷудои Осиё сазовори 26 медал – 2 тилло, 10 нуқра, 14 биринҷӣ – гаштаанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”