Баргашт Чоп кардан

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

23-юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму ва муҳтарам Нарендра Моди барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамон, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир, боиси андуҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.
Мо ин амалкарди золимонаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.
Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷруҳшудагон шифои комил мехоҳам”.