Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Маҳмуд Мирзоён бо вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти адлия
– Муҳтарам вазир, аввалан, Шумо ва дар симои Шумо кулли кормандони мақомоти адлияи кишварро ба муносибати иди касбӣ табрик намуда, дар корҳоятон пешравиҳои нав ба навро орзумандем!
– Сипос, барои табрик ва таманниёти некатон!
– Соли дуюм аст, ки кормандони мақомоти адлия 20 апрелро ҳамчун рӯзи иди касбӣ таҷлил менамоянд. Интихоб гардидани ин сана ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» рабт дорад?
– Воқеан, то соли 2022 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи кормандони мақомоти адлия якшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи мушаххас надошт. Ин дар ҳоле буд, ки якшанбеи дуюми моҳи октябр ба ягон рӯйдоди ба мақомоти адлия алоқаманд рабт надошт. Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба миён омад. Баъд аз тағйирот ба Қонун рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне 20 апрел – Рӯзи кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда шуд.
– Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар Вазорати адлия дар татбиқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба чӣ натиҷаҳои чашмрас даст ёфт?
– Соҳибистиқлолӣ ин озодии мутлақ ва соҳибихтиёр будан дар сарнавишти ҳар миллатест, агар ин неъмати бузургро дошта бошад. Мо аз хушбахттарин миллати ҷаҳони мутамаддин ҳастем, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ устувор қадам мегузорад.
Маҳз таъмин ва пойдории санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи идоракунии устувор, самаранок, ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва, ба ин васила, баҳри инкишофи устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши хосса гузошт. Аз ин лиҳоз, санади меъёрии ҳуқуқӣ воситаи аз ҳама муассир, боадолат ва инсондӯстонаи ҳаллу фасли тамоми масъала ва баҳсҳо мебошад.
Дар баробари санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо низ, ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, муносибатҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятиро ба танзим медароранд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро бо санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мазкур танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо менамоянд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, эътибор надоранд.
Вазорати адлия риояи муқаррароти санадҳои қонунгузории вазоратҳою идораҳои болозикрро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мунтазам назорат мекунад.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Вазорат ин ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати фаҳмондани қонунҳои амалкунандаи кишварамон буда, дар ин замина, кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи он дар корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо ҳар моҳ суҳбату вохӯриҳо тавассути телевизион ва радио ба роҳ монда, мақолаҳоро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр мерасонанд.
– Ба муносибати дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар қатори дигар иншоот биноҳои мақомоти адлияи як қатор шаҳру ноҳияҳо низ, аз нав сохта шуданд. Лутфан, мегуфтед, ки шароити корӣ дар маҳалҳо, махсусан дар шаҳру навоҳии дурдаст, чӣ хел аст?
– Айни замон дар 36 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои адлия фаъолият дошта, аз ин шумора 32 бинои марказҳои адлия ба таври замонавӣ бо истифода аз тарҳи меъмории шарқӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Аксарияти онҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, сохтмони биноҳои марказҳои адлия дар ноҳияҳои Лахш ва Бобоҷон Ғафуров идома дорад.
Як қатор биноҳои дуошёнаи марказҳои адлия дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, онҳо дорои таҳхонаҳо, кабинетҳои корӣ барои фаъолияти кормандони идораи нотариалии давлатӣ, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази маросими ақди никоҳи навхонадорон ва толори машварати ройгони ҳуқуқӣ мебошанд.
Таҳхонаи биноҳо ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.
Дар қисми дигари замини ҷудогардидаи марказҳои адлия майдончаи бозии кӯдакону наврасон бунёд шудааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад.
– Шумо зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфтед, ки моҳиятан бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ ҳамчун воҳиди мустақил аз лиҳози шумораи кормандон ва сарбории кор ба раёсат баробар аст. Аз ин хотир, барои зиёд намудани шумораи кормандони мақомоти маҳаллӣ ва ба шуъбаю раёсатҳо табдил додани бахшҳо ягон барномаи мушаххасе рӯи даст гирифтаед?
– Дар ин замина зикр намудан зарур аст, ки лоиҳаи Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ гардидааст.
Тибқи Низомнома, раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳайати дастгоҳи марказии Вазорат ва шуъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятҳо ба раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшону вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронда шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳбудии фаъолияти сохторҳои Вазорат шумораи кормандони он зиёд карда шуд.
– Имрӯз дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳуқуқшиносони давлатии муассисаҳои давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» фаъолият менамоянд, то куҷо онҳо эътимоди шаҳрвандонро ба даст овардаанд ва оё сокинон барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба ҳуқуқшиносон муроҷиат мекунанд?
– Яке аз дастовардҳои замони истиқлол ин роҳандозии низоми нави ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Вазорати адлия мебошад.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати кишвар аз 2 июли соли 2015, № 425 Консепсияи расондани ёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид. Ҷиҳати амалӣ намудани консепсия ва Қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд.
Дар давраи фаъолияти Марказ ва амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» дар мамлкат ба зиёда аз 105 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонда шуд. Сол ба сол зиёд гардидани муроҷиати шаҳрвандон аз эътимоди онҳо ба ин ниҳод дарак медиҳад. Ҳамарӯза шаҳрвандон ба ҳуқуқшиносони давлатӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат менамоянд. Дар натиҷаи таҳлилҳо, 95 дарсади муроҷиаткунандагон аз фаъолияти ҳуқуқшиносон ва ёрии ҳуқуқӣ қонеъ мебошанд.
– Барои гузаштан ба низоми электронӣ мақомоти адлия кадом заминаҳоро гузоштааст?
– Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 декабри соли 2011) яке аз санадҳоест, ки бо мақсади ноил гардидан ба идоракунии соҳаҳо бо истифодаи васеи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонда мешаванд, сатҳи дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз шабакаи Интернет ва технологияҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Зикр бояд кард, ки Вазорати адлия дар баробари дигар вазорату идораҳо ҷиҳати амалишавии консепсияи болозикр чораҳои дахлдор андешида, бо дастгирии шарикони рушд барномаи махсус таъсис додааст.
Барномаи мазкур дар сомонаи Вазорат мавҷуд буда, фаъолияти коргузорӣ ва назорати ҳуҷҷатҳо имконияти хуберо барои кормандон фароҳам овардааст.
Дар баробари коргузории электронӣ, инчунин, пешбурди низоми ягонаи коркарди иттилоот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия ташкил гардида, бақайдгирии саривақтии сабти таваллуд, вафот, муқаррар намудани падарӣ, никоҳ ва бекор кардани он, фарзандхонӣ, инчунин ивази ному насаб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020, № 462 Вазорати адлия мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ муайян гаштааст.