Баргашт Чоп кардан

САҒИРДАШТ. ЗИНДАГӢ БАРАКАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Сағирдашт яке аз калонтарин деҳот на танҳо дар ноҳияи Дарвоз, балки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Деҳоти мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ ободу зебо мегардад ва сатҳи зиндагии мардумаш низ рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Соҳаи асосии хоҷагии халқи ин минтақа зироаткорию чорводорист. Мардум ба хотири пешбурди рӯзгору таъмини зиндагии шоиста содиқона кор мекунанд ва натиҷаҳои дилхоҳро соҳиб мегарданд.
Давоми ду соли охир дар ин ҷо коргоҳи коркарди пашм, дукони фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаву мошинҳо, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 15 мағоза, чор ошхона бунёд шуд. Корхонаи «Таком голд» низ мавриди истифода қарор гирифт. Хатти интиқоли барқи 35 кВ «Тавилдара – Сағирдашт – Қалъаихумб» таъмир гардида, сутунҳои чӯбин ба сутунҳои оҳанин иваз шуданд.
Дар ин давра дар деҳоти Сағирдашт зиёда аз 100 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Соҳаи картошкапарварӣ ва боғдорӣ рушд намуд. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ тараққӣ кард ва ба хотири тавсеаи он ба 89 нафар ба маблағи 657, 4 ҳазор сомонӣ қарзи кӯтоҳмуддат дода шуд, ки натиҷааш мусбат аст. Асали Сағирдашт ба тамоми навоҳии ВМКБ ба савдо бароварда мешавад.
Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сағирдашт (соли 2016) барои рушди инфрасохтори он такони ҷиддӣ бахшид. Тибқи дастури Президенти кишвар мактаби 3-ошёна, таваллудхона, корхонаи “Ахтари Умед”, варзишгоҳи “Карон” бунёд гардида, мумфаршкунии роҳҳои маркази он анҷом дода шуд.
Бо дастури Пешвои миллат дар ин ҷо Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Сағирдашт” таъсис ёфт, ки ҳоло 6 техникаи навро дар ихтиёр дорад. Мавриди зикр аст, ки бо сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории сулҳу субот дар кишвар сол ба сол ҳатто деҳоти дурдасттарини мамлакат рӯ ба рушд ниҳодаанд. Умед дорем, ки ин созандагиҳо минбаъд низ идома меёбанд ва мардум барои боз ҳам ободтар сохтани диёри худ кӯшиш мекунанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор