Кишоварзӣ дар вилояти Суғд соҳаи асосӣ боқӣ монда, баробари рушди соҳа масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа нақши аввалиндараҷа мебозад. Дар ин росто, натиҷаи меҳнати софдилонаи кишоварзон буд, ки дар се моҳи соли 2025 ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд.
Тавре муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2025 иттилоъ дод, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, истеҳсоли сабзавот 431,2 тонна, гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 22,2 ҳазор тонна (гӯшти паранда 4,6 ҳазор тонна, моҳӣ 358,6 тонна, шир 81,4 ҳазор тонна, тухм 212,9 млн дона ва пашм 217,7 тонна)-ро ташкил дод.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузарондани кишти баҳорӣ дар майдони 172 ҳазору 990 гектар пешбинӣ гардида, дурнамои масоҳати кишти пахта 59 ҳазору 633 гектар ва картошка 18 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад.
Файзулло Қосимӣ зикр намуд, ки ба ҳолати 17-уми апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 209 гектар боғу токзори нав ташкил ва дар масоҳати 773 гектар барқароркунии боғу токзори куҳна гузаронда шуда, дар майдони 72 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор