25-уми апрел дар иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором (UNESCAP) Қатъномаи «Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором», ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Тавре ба мо дар Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ доданд, тибқи Қатънома ҷонибҳо аз иқдомҳои Тоҷикистон барои баргузор намудани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва нишасти минтақавии тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2026 истиқбол намуда, аз тамоми кишварҳои узви Созмон ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои мазкур даъват карданд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Михаил Мишустин
25-уми апрел Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин вохӯрд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир гардид.
Баррасии дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва ИМА
Дурнамои ҳамкорӣ ва имконоту иқтидори густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон, дар мулоқоти муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар солҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико фазои шарикии устувор ва фаъоли рушдкунанда фароҳам гардида, ҳар ду давлат дар муносибатҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи якдигар ҳамкории самаранок анҷом медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Чин»
25-26-уми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Алмаато дар нишасти шашуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Чин» иштирок намуд.
Тавре дар хабари интишорнамудаи хадамоти матбуоти Вазорат омадааст: «Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи чорабинии мазкур ва омодагӣ ба баргузории Саммити сарварони кишварҳои «Осиёи Марказӣ – Чин» иброз намуд».