Баргашт Чоп кардан

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак»

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҳайати парлумонии кишвар дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак», ки дар шаҳри Волгоград баргузор гардид, ширкат дошт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки Форум ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шуда, мавзуи асосии онро саҳми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ғалаба, мубориза ба муқобили кӯшишҳои аз нав навиштани таърих ва вазифаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ташкил медиҳад.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА
28-уми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Пиа Каума ва ҳайати вакилони ин ниҳодро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин росто, тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯбаи се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони сайёҳии СҲИ
28-уми апрел дар шаҳри Эрзурум ҷаласаи 6-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва маросими ифтитоҳи расмии Эрзурум ҳамчун пойтахти Экотурзм дар соли 2025 баргузор гашт.
Зимни ҷаласа ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмон ва иштироки Тоҷикистон дар форум ва ҳамоишҳое, ки аз ҷониби ин Созмон баргузор мегарданд, ёдоварӣ гардид.
Китобҳои ноширони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ»
27-уми апрел дар Маҷмааи намоишгоҳии ADNEC-и шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб даври 34-уми Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» оғоз гардид.
Дар Вазорати фарҳанг ба мо тавзеҳ доданд, ки ба Намоишгоҳ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб» ва «Ирфон» беш аз 60 китоби тозанашр пешниҳод гардидааст.
Дар назар аст, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалӣ вохӯрӣ бо адибону ноширони ҷаҳонӣ баргузор мешавад.