Баргашт Чоп кардан

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи ҳафтошёна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар заминҳои филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвариши помидори барвақтӣ ва нашъунамои картошка шинос шуда, аз тарзи истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллаи Навобод Умаралӣ Раҷабов ва Валиҷон Ҳамзаев, ки сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти оила ва бозор парвариш менамоянд, боздид намуд.
Дар хобгоҳи донишҷӯён айни ҳол беш аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расида, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди бино бомаром идома дорад.
Таъкид гашт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён хобгоҳи нав бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа бинои хобгоҳ 7-ошёна буда, барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гаштааст. Хобгоҳ, инчунин толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи курси тақвият додани маҳорати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ хоҳад дошт.
Сипас, раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос гардида, аз намоиши тухмиҳои селексионӣ боздид намуд.
Дар шароити ҷумҳурии мо танҳо тавассути истифодаи пурмаҳсули тухмиҳо ва нигоҳубини дурусти зироатҳо ҳосили дилхоҳ гирифта, амнияти озуқавориро таъмин намудан имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии баландсифати ба иқлим мутобиқ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Раиси вилоят бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини Институт, ки самараи хуб медиҳанд, баҳои баланд дода, таҷрибаи онро дар рӯёнидани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ кард.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
САВДОИ КӮЧАГӢ ТАНЗИМ МЕШАВАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Дар доираи амалиёти профилактикии "Маданияти шаҳрдорӣ", ки бо мақсади бартарафсозии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр ва тартибот, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишиниву маърифати шаҳрдорӣ, батанзимдарории фаъолияти бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ, бартарафсозии савдои кӯчагӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба масъалаи бартарафнамоии савдои кӯчагӣ равона карда шуд.
Тибқи мушоҳидаҳо мардум худсарона роҳҳои пиёдагардро банд карда, ба савдои кӯчагӣ машғул буданд. Гурӯҳи кории милитсияи ноҳия дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ваколатдори давлатӣ дар бозори марказии ноҳия чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳрдориро бартараф намуданд.
Ҳамзамон, зимни чорабиниҳои мақсаднок муайян карда шуд, ки баъзе аз сокинон худсарона дар пиёдароҳ нуқтаи фурӯш ташкил карда буданд, ки барои рафтуомади сокинон монеа эҷод мекард. Дар натиҷа, нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Илова бар ин, якчанд фурӯшгоҳ, ки соҳибонашон бе иҷозати мақомоти ваколатдор қисмати берунаи иншоотро тунукабандӣ намуда, худсарона ба ҷойи нави савдо табдил додаанд, бартараф ва ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Кормандони шуъбачаи БДА дар ноҳия нисбат ба ронандагон, ки бо таваққуфи нодурусти автомобилҳо дар қатори дуюму сеюми роҳ омили тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва боиси ба вуҷуд омадани бенизомӣ дар роҳҳо мегардиданд, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд, чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ идома доранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
УМРЕ БО МУСИҚӢ. БОЗТОБИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ЭҶОДӢ
Дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" ба ифтихори бозтоби хизматҳои шоистаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозон ва мусиқишиноси шинохтаи тоҷик Аслиддин Низомӣ маҳфили илмӣ-эҷодӣ таҳти унвони "Умре бо мусиқӣ" баргузор гардид.
Дар маҳфил шахсиятҳои саршиноси илму адаби кишвар, дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва эҷодии профессор Аслиддин Низомӣ андешаҳои худро баён карданд.
Ҳамчунин, паёмҳои видеоии пажӯҳишгарон ва ҳунаршиносон аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дар бораи шахсияту осори Аслиддин Низомӣ барои иштирокчиён намоиш дода шуд.
Шогирдони устод, аз ҷумла ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева, Ҳаётой Муъминова, Хосият Ортиқова бо ҳунарнамоии худ шукӯҳу таровати маҳфилро афзуданд.
Боиси тазаккур аст, ки Аслиддин Низомӣ муаллифи асарҳои арзишманде, ба монанди "Таърих ва назарияи Шашмақом", "Мақоми рост", "Умре бо мусиқӣ", "Таърихи мусиқии тоҷик", "Шашмақом дар назми форсӣ-тоҷикӣ", "Абдураҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ" мебошанд. Осори таълифкардаи устод дар гӯшае аз толори нишаст барои тамошо гузошта шуда буд, ки таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуд. Маҳфил бо фазои гарму самимӣ, эҳтироми бузург ба шахсияти илмиву ҳунарии устод ва муҳаббат ба мусиқии миллӣ анҷом ёфт.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ ШОМИЛИ ФЕҲРИСТИ «ҲОФИЗАИ ҶАҲОНӢ»-И ЮНЕСКО ШУДАНД
Аз ЮНЕСКО хушхабар расид: дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, дар радифи 74 дастхатту ҳуҷҷати нодир, ба Феҳристи «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и ин Созмони бонуфуз шомил гардидаанд.
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ ба Созмон пешниҳод гашта, доир ба муҳимияти он дар сомонаи СММ омадааст: «Ба ин асноди нодир номаҳо, қарордодҳо, мукотибаҳои дипломатӣ ва ҳатто, гузоришҳои ҷосусӣ шомиланд, ки вазъи Осиёи Марказиро дар замони истилои арабҳо инъикос менамоянд».
Сомонаи ЮНЕСКО бошад, нақши ин ҳуҷҷатҳоро дар бозгӯ намудани таърих, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии этникии Осиёи Марказии давраи пеш ва пас аз исломӣ муҳим мешуморад.
Тавре директори генералии Созмон Одри Азуле иброз дошт, мероси хаттӣ унсури муҳим, вале осебпазири хотираи инсонист. Аз ин рӯ, ЮНЕСКО барои ҳифзи он сармоя мегузорад.
Ҳамин тавр, нақши ин дастхатҳо барои равшанӣ андохтан ба давраи ҳассоси таърихии Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст.
Бояд гуфт, ки баҳори соли 1932 сокини деҳаи Хайрободи ноҳияи Заҳматобод (имрӯза ноҳияи Айнӣ) Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ дастхаттеро пайдо менамояд, ки забонаш барои ӯ нофаҳмост. Пас аз чанд моҳи аз даст ба даст гаштанҳо, ки касе ба моҳияти навиштаҳо сарфаҳм нарафта буд, онро раиси вақти ноҳия Абдулҳамид Пӯлодӣ ба Сталинобод (ҳозира шаҳри Душанбе) мефиристад, ки аз ин ҷо барои хондан ба Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) мефиристанд. Маълум мешавад, ки дастхат бо хатти суғдӣ навишта шудааст ва моҳи ноябри соли 1933 гурӯҳи таҳқиқгарон бо роҳбарии шарқшинос А. А. Фрейман ба Қалъа меоянд. Дар натиҷа, аз Қалъа 75 дастхатти суғдӣ дарёфт гардид, ки дар филиали Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Санкт-Петербург нигоҳдорӣ мешавад.
Бостоншиносон, кашфиёти ёдгориро рӯйдоди муҳимтарини асри VII ва ибтидои асри VIII мехонанд, ки ба шарофати пайдо намудани он, олимон тавонистанд таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давраро то ҷое барқарор созанд. Ба ин бозёфтҳои гуногуни чӯбӣ, нуҳ намуд матои шоҳӣ, маснуоти филизию чармӣ, сабадҳои бофташуда, пораҳои лавозимоти ҷангӣ, зарфҳои сафолӣ далелҳои гӯёанд. Ғайр аз бойгонӣ, инчунин, зиёда аз 400 маводи маданияти моддӣ ва чанд сикка пайдо гардиданд, ки ҳоло дар Осорхонаи Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург маҳфузанд.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»