Мо мардуми баландиқболем, ҳар лоиҳае, ки дар самти сохтмони роҳҳо татбиқ мешавад, шафоаташ ба ноҳияи Восеъ низ, мерасад. Ободии шоҳроҳу роҳҳои байниноҳиявӣ гувоҳи ҳамин гуфтаҳоянд. Бо вуҷуди ин, мушкилоти роҳи маҳаллии автомобилгарди Дашти Дилӣ – Ғаллазор – Сардиз – Кушктеппа – Қиблаии ноҳияи Восеъ солҳои тулонист, ки бартараф нашудаанд. На танҳо бартараф нашуданд, балки ба «шарофат»-и мардуми таҳҷоиву баъзан роҳгузарон сол аз сол рӯ ба харобӣ дорад.
– Аввал, аз канори роҳи мазкур аломатҳои филизии огоҳкунанда, пешгирикунанда, манъкунанда, баъдан, симтанобҳои ғафсу боқувват, ки нақлиётро аз ҷаршавӣ ҳифз менамуданд, як-як ғайб заданду навбат ба новаҳои обгузар ва лӯлаҳои асбестӣ расид. Истгоҳи мавзеи Дашти Дилӣ оғил шуд ё коҳдон, ки дигар ба чашм намоён нест. Аз бетаваҷҷуҳии масъулони роҳсозон дар хамгаштҳою гардишҳои километри 1-2 ғорҳои гуногун пайдо шуданд. Вайронии роҳ боиси болоравии нарх гаштааст. На ҳар ронанда ҷуръати убур кардани ағбаро дорад, – гуфт зимни суҳбат роҳбари гурӯҳи ташаббускор, нависанда Садриддин Ҳасанзода.
Ҳангоми убур аз ин роҳ раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, ки моро ҳамроҳӣ мекард, зимни тамошои манзараҳои дилгир ғори аввалро бо сад азоб гузаштан замон гуфт: «Офарин ба ронандагоне, ки ин мавзеъро убур мекунанд. Кори хуб кардӣ, ки моро бо ҳолати ин роҳ ошно сохтӣ».
Бо шахсони масъул аҳволи тоқатшикани роҳро бо чашмони хеш дидем. Аввали моҳи январи соли гузашта, сипас, моҳи апрелу май бо шогирдону дӯстонам Азизуллои Мирзозода, Искандари Носир, Гурези Азим ба қабули вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рафтем. Ин дафъа ҳам ӯ моро хуш қабул кард ва аз 10 август барои таъмиру сохтмони роҳи мазкур ҷудо кардани 20 тонна мазут (муми моеъ) амр дод. Ҳамчунин, ба муовини худ Фаррух Неъматзода дастур дод, ки иҷрои ин супоришро таҳти назорат қарор диҳад. Ҳамин тавр, дастгирии вазири меҳанпараст моро руҳбаланд сохту ба ноҳия баргаштем. 16 августи соли рафта бо ширкати хабарнигорон дар мавзеи Дашти Дилӣ дар маросими мутантан кор аз тахту ҳамворкунии чуқуриҳо ва тозасозии партовҳо шуруъ гардид. Мо бо масъулони минтақавии роҳсозӣ ва таъмири роҳҳои вилоят Хуршед Арабзода ва Муродалӣ Хомӯшзода дар шаҳри Кӯлоб вохӯрда, вазъиятро шарҳ додем. Мутасаддиён ваъда доданд, ки ба қадри имкон мадад мерасонанд. Сардори идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Восеъ Қурбоналӣ Ҳикматуллоев гуфт, ки мактуби вазир расидааст, аввал роҳро тахту ҳамвор карда, сипас, мумфарш менамоем.
Ҳамин тавр, дар ҳамбастагӣ бо дастгирии раиси ноҳия кор пеш мерафт. Сангкашонӣ, ҳамворсозӣ, пур кардани ғорҳои ду тарафи роҳ, пешбанди селобаҳои аз талу барзан ҷоришавандаро низ, дар муддати муайян бо сифати баланд иҷро кардем. Ғорҳои канори гӯристони Дашти Дилӣ аз ду тараф пур шуданд. Тибқи дастури раиси ноҳия, ба ҷойи ғорҳои аз бемасъулиятии роҳбарони собиқ бамеросмонда варзишгоҳи МТМУ № 56 ва майдони гӯштини миллӣ бунёд мегардад. Дар поёни ҳавзҳо ҷойи дамгирии мусофирон, нуқтаи фурӯши маҳсулот, истгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохтор сохта мешавад.
– Душвории мо ҳоло ҷамъоварии маблағ барои бунёди роҳ аст. Тибқи ҳисобу китоби мутахассисон, барои сохтани 800 метр роҳи мумфарш зиёда аз 100000 сомонӣ лозим. Яъне, то Сардиз 10 км ва то Темурмалик 27 км роҳ аст. Ободонии роҳ иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва туҳфаи мо ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатист. Иброз менамоям, ки аз хоҷагидорони Кадучӣ 98000 ва Сардиз 80000 сомонӣ ҷамъ оварданд, ки аз он қариб 70000 сомонӣ барои хариди сӯзишворӣ сарф гардид, – таъкид намуд Ҷамшед Шарифзода.
Дар вохӯрии навбатии мо Ҷамшед Шарифзода гуфт, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ роҳро зери назорат мегирем, чуқуриҳои бо хок пур кардаамон аз санҷиши барфу борон, гарму хунукиҳои табиат мегузаранд. То ин вақт имкон аст, ки ҷамъоварии маблағҳо аз хоҷагиҳо пурра ба анҷом расад. Баробари рӯзҳои мусоид новаҳоро ҷо ба ҷо мекунем, майдони гӯштину футболбозиро ҳам месозем. Мебинӣ, ки ягон соҳибкори дилсӯзи диёр меояду мегӯяд: «Иҷозат диҳед, раис, мо роҳро асфалтпӯш кунем». Кори хайр роҳи ҳалли худро меёбад.
Шукр аз он мекунем, ки чунин фарзандони ободкору меҳанпараст ва масъулиятшинос дар ҷомеаи мо ҳастанд. Бо ҳамин андеша устод Садриддин Ҳасанзода – марди хеле хайрхоҳ ва инсондӯст, ки вазифаи асосии хешро дар дӯстиву бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва меҳанпарастӣ медонад, суҳбаташро ба анҷом расонд.
Саидмурод РАБИЗОДА,
Рӯзноманигор