Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER-и Иттиҳоди Аврупо намояндагони панҷ ширкати пешбари коркарди меваҳои хушк ва чормағзи Тоҷикистонро барои боздид аз бузургтарин чорабинии озуқа ва нӯшокиҳо – Намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо (IFE), ки 20-22 марти соли 2023 дар Лондон, Британияи Кабир баргузор шуд, дастгирӣ намуд.
Саноати хӯрокворӣ яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти умумии саноатӣ, аз ҷумла коркарди меваю чормағз ва дигар маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсусан муҳим дорад, зеро он рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ ва амнияти озуқавориро таъмин месозад, аз ин рӯ, ширкатҳои коркард бояд ба имкониятҳои бозори ҷаҳонӣ вокуниш нишон диҳанд.
Лоиҳа иштироки ҳафт намояндаи ширкатҳои коркарди меваи хушки Тоҷикистон: ҶДММ «Баракат Исфара», ҶДММ «ОРО Исфара», ҶДММ «Водии меваҷот», ҶДММ «Субҳи Ватан» ва ҶДММ «Баракат Оила»-ро дастгирӣ намуд. Ҳадафи аслии ин сафар омӯзиши имконоти содироти маҳсулоти табиии тавлидшуда аз ҷониби ширкатҳои коркарди меваи хушк ва чормағз - аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (IAPEAT) буд.
Ширкат дар ярмаркаи серӯза ба иштирокчиён имкон дод, ки дар бораи тамоюлҳо ва навовариҳо дар саноати хӯрокворӣ ва технологияи бастабандӣ маълумот гиранд. Илова бар ин, аъзои IAPEAT ба иттилоот дар бораи пешрафтҳои ҷорӣ ва равишҳои инноватсионии соҳа диққати ҷиддӣ дода, намоишгоҳҳои муттаҳидшудаи кишварҳои ҷаҳонро муфассал омӯхтанд, ки барои таҳияи тарҳи ягонаи стенд ва иштироки бомуваффақият дар дигар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки барои солҳои 2023-2024 ба нақша гирифта шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар тули се рӯз, IFE зиёда аз 25 000 мутахассиси калидии соҳаро ҷамъ овард, ки на танҳо бо ғизо, нӯшокиҳо, ҳалли технологӣ ва таҷҳизоти дар намоиш гузошташуда шинос шуданд, балки дар бораи тамоюлҳое, ки ба бахши хӯрокворӣ ва нӯшокӣ таъсир мерасонанд, мубодилаи афкор намуда, бо таъминкунандагон рӯ ба рӯ суҳбат карданд. Иштирокчиён тавонистанд на танҳо ба маҳсулоти навтарини инноватсионии саросари ҷаҳон даст зананд, балки, ҳамзамон, онҳоро таҷриба кунанд, ҳарфи пурмуҳтавои баромадкунандагонро гӯш кунанд ва аз ин чорабинӣ биомӯзанд ва бо ҳамсолони соҳа вохӯранд.
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER – и Иттиҳоди Аврупо қобилияти шариконро дар муайян кардан ва вокуниш нишон додан ба имкониятҳои бозори ҷаҳонӣ тавассути баланд бардоштани салоҳиятҳои маркетинг, фурӯш ва содироти онҳо минбаъд ҳам такмил медиҳад.
Шарофат АШУРОВА,
телефон: (+992) 987-27-00-46, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.