Баргашт Чоп кардан

РОҒУН. МАШВАРАТИ КОРӢ ВОБАСТА БА ЭНЕРГЕТИКА

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, масъулини шабакаҳои барқ, нозирони минтақавӣ, шурои маҳаллаҳо ва ходимони дин машварати корӣ баргузор гардид.
Зимни машварат раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода, прокурори шаҳр Бахтибек Сафарзода, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Рашт Дилшод Акобирзода ва сардори шабакаи барқи шаҳр Фазлиддин Каримов доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика ва истифодаи неруи барқ, инчунин, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25-уми апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулони сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳиму ногузир арзёбӣ намуданд.
Дар иртибот ба ин, Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа, ба сокинони мамлакат моҳияти муқаррароти қонунгузории нав барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ фаҳмонда шавад.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Бо ин мақсад, дар кишвар Агентии назорати энергетикӣ таъсис ёфт.
Дар ин бора ба рӯзнома аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”