Баргашт Чоп кардан

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

2-юми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Каримзода фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломатшо Мирзозода муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Сорбон Холмуҳамадзода директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Далер Муродализода муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Раҳмон Исломиддин директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Ҳайдаралӣ Раҷабзода сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Насимҷон Каримзода муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Шариф Норзода муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Абдураҳмон Ашурализода муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Зоҳир Олимзода муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Усмоналӣ Қурбонзода муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Бобоҷон Сатторзода ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ба ҳамин тартиб, роҳбарони Маркази миллии тарҷумаи назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” бо кадрҳои ҷавону варзида иваз шуданд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ, дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон, аз вазифаҳо озод гаштанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, нахуст, ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда муроҷиат намуда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Дастуру тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин, доир ба тақвият бахшидани тартибу низом ва назорат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои номбурда, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар истифодаи сариштакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникӣ ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии он, дода шуд.
Таъкид гардид, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, бахусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.