Конгресси ҳаштуми CAFA дар Душанбе
Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад.
Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Тибқи моддаи 31 Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мегардад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин, як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.
Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим доир мегардад
Нимаи дуюми моҳи май Тоҷикистон мизбони Конфронси 5-уми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (CACCC-2023) мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд.
Дар чаҳорчӯбаи Конфронс масъалаҳои мубрами давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, коҳиш ва мутобиқсозии он дар соҳаҳои об, энергетика, ғизо ва муҳити зист баррасӣ мешаванд. Ташкилкунандагони Конфронс Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭССА) мебошанд.
Боздиди 24 000 нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 24 ҳазор нафар боздид намудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо такя ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар дод, ки дар ин давра 920 сайёҳи хориҷӣ аз вилоят дидан кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шурои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 7000 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 132 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 22 боғи фарҳангию фароғатӣ, 30 ҳавзи моҳипарварӣ ва зиёда аз 1200 нуқтаи хӯроки умум, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона, дар хизмати сайёҳон қарор доранд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»