22 апрели соли ҷорӣ журналист ва нависандаи маъруфи тоҷик, корманди собиқ ва содиқи «Ҷумҳурият» Раҷаб Мардон моро дар синни 83 тарк намуд.
Раҷаб Мардон солҳои дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), фаъолият намудааст. Корро бори нахуст дар ин рӯзнома ӯ аз вазифаи ходими калони адабӣ оғоз намуда, баъдан мудири шуъбаи саноат ва сохтмону нақлиёти он низ, буд. Дафъаи дигар дар солҳои барои кишварамон басо ҳассос ва мушкил масъулияти муовини аввали сармуҳаррирро бар дӯш дошт.
Раҷаб Мардон соли 1940 дар деҳаи Ҳалқаёри ноҳияи Ховалинг чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар муассисаи таълимии зодгоҳаш ва МТМУ № 4-и шаҳри Кӯлоб таҳсил намудааст. Баъдан, таҳсилро дар факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) идома медиҳад. Пас аз хатми Донишгоҳ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба ҳайси ходими адабӣ, сипас мудири шуъбаи адабиёт кор мекунад. Як муддат дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (имрӯз рӯзномаҳои «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва санъат») ҳам, фаъолият дошт.
Баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС чанде дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва Телевизиони «Тоҷикистон» дар вазифаҳои мудири шуъба ва муҳаррири калону ҷонишини сармуҳаррир кор кард. Соли 1987 дар ҷумҳурӣ нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Бо даъвати нашриёти мазкур Раҷаб Мардон дар вазифаи мудири шуъбаи адабиёти илмиву фантастикӣ барои ҷавонон фаъолият дошт.
Аксари офаридаҳои беҳтарини публитсист дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чопро дидаанд. Китоби ӯ ”Мошинсозон”, “Бунёдгузорон”, “Дарёи нур” чоп шудаанд. Ин асарҳо аз ҳаёт, талоши коргарони корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бунёдгарони коргоҳҳои азими барқии Нораку Роғун, нақбсозони Данғара ҳикоят мекунанд. Баъдан асарҳои ӯ «Марде собит ҳамчу кӯҳ», «Оташи дил», «Дар ҳалқаи занон», «Ҳикмати умр» нашр шудаанд.
Баъди ба нафақа баромадан ҳам, рӯзномаи «Саноати Тоҷикистон»-и Вазорати саноат, «Ватанпарвар»-и Кумитаи мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ ва «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи давлатии андози мамлакатро сарварӣ намуда, барои қавӣ гаштани фаъолияти ин ниҳодҳо саҳми босазо гузоштааст.
Хизматҳои Раҷаб Мардон бо унвони Журналисти хизматнишондодаи ҶСШ Тоҷикистон, ордени Шараф, дараҷаҳои як ва ду, як қатор нишонҳои соҳавиву ифтихорномаҳо қадр шудаанд.
Ёди неки Раҷаб Мардон то абад дар қалби дӯстон, ҳамкорон, шогирдон ва мухлисони эҷодаш боқӣ хоҳад монд. Аз дида агар рафт, аз дил намеравад.
«ҶУМҲУРИЯТ»