8-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар макони баргузории чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода истиқбол гирифтанд. Ба хотири таҷлили бошукӯҳи ин рӯйдоди таърихӣ, маҳали баргузории чорабинӣ идона ороста шуда, дар ду тарафи роҳрави сурх донишандӯзони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа саф кашиданд.
Дар тадбири тантанавӣ раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони башардӯст иштирок карданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода оид ба омодагии қӯшунҳои гарнизони Душанбе барои гузашти ҳарбӣ ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузориш дод. Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 80-солагии ғалаба самимона табрик гуфтанд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сулҳпарвари тоҷик бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон минбаъд низ барои ҳифзу гиромидошти ин неъматҳои бузург ва ба хотири наслҳои ояндаи мо саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва онҳое, ки ҷони худро барои пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, таҳти навои мусиқӣ маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузошта, хотираи неки қурбониёни ҷангро пос доштанд. Сипас, дар назди оташи ҷовидон аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбар гузошта шуд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри фармондеҳи гузашти ҳарбӣ низомиёни Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар паради ҳарбӣ иштирок карда, бо қадамзании мутантан аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гузашти низомӣ анҷом доданд.