Баргашт Чоп кардан

СУЛҲ. ХИЗМАТҲОИ ТАЪРИХИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЧУН ПЕШВОИ МИЛЛАТ

27-уми июни соли 1997 аз Москва, пойтахти Федератсияи Россия, пайғоми деринтизори сулҳ омад. Тамоми васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ навид доданд, ки баъди кӯшишҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид.
Ин хабари хуш ба дилу руҳи халқ, ки дар рафти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар иҷрои ҳама кор сард карда буд, гармиву тавоноӣ бахшид. Чароғи умед ба ҳаёти осоишта фурӯзон гашт. Дар ҳама соҳаҳо ҷунбиши созандагӣ, бунёдкорӣ эҳсос мегардид. Хонаҳои сӯхта обод шуда, аз нав қомат баланд карданд, киштаҳо сабз шуданд, истеҳсоли молу маҳсулот авҷ гирифт, хонандагону донишҷӯён бе тарсу ҳарос ба муассисаҳои таълимиву донишгоҳҳо мерафтанд, дониш мегирифтанд, илм меомӯхтанд.
Симои имрӯзи Тоҷикистон бо бист соли пеш қиёснашаванда аст. Ободии кишвари моро ҳар як сайёҳи хориҷӣ бо чашми сар дида, ҳеҷ бовараш намеояд, ки дар ин ҷо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваста бошад. Аломату нишонаҳои ҷангро дар ягон гӯшаи диёри мо намебинанд. Мардум ҳамаро ба бӯстон мубаддал сохтаанд. Ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, онҳое, ки баъди имзои Созишномаи сулҳ ва созгории миллӣ ба дунё омадаанду шоҳиди нобасомониҳои солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ набуданд, ба ободгариҳо менигаранду бовар намекунанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Вахш, Қубодиёну Шаҳритуз, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Файзобод, Нуробод, Рашт, Лахш, Сангвор садҳо хонаҳо ба коми оташ рафтанду ҳазорҳо нафар гурезаи иҷборӣ шуданд. Хушбахтона, ҳоло ҳамаи даҳшату бекориву гуруснагиву нобоварӣ ба ҳамдигар ба ҳукми афсона рафтанд. Сулҳе, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварданд, пойдор асту ободиҳо овард, таҳкурсии дӯстии ҳамаи миллату халқиятҳои кишварро устувортар намуд, тухми адолату наҷобат дар марзаи дилҳо кишт, ки имрӯз ҳосили фаровоне медиҳад. Мардуми бисёр мамлакатҳое, ки дар орзуи сулҳу ҳамдигарфаҳмианд, ба ҳаёти осоиштаи баъдиҷангии мо чашми таҳлил дӯхта, умеди расидан ба чунин сулҳи инсонпарвар доранд.
«Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмондани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар баробари ин, ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузарондаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем», – гуфта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом, 27-уми июни соли 2018.
Ҳар сол Пешвои муаззами миллат дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ҳушдор медиҳанд, ки сабақҳои аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бардоштаи худро ба боди фаромӯшӣ напартоем, ҳамеша дар хотир дошта бошем, ба насли наврасу ҷавон сабабҳои сар задани муноқишаҳо, нофаҳмиҳо, мақсади неруҳои сеюмро шарҳу эзоҳ диҳем, фаҳмонем, ки чаро онҳо намехостанд Тоҷикистон бо роҳи худ, ки онро Конститутсияи соли 1994 муайяну муқаррар кардааст, пеш равад. Мо бояд дар ҳар лаҳзаи мувофиқ ба ҷавонон таъкид созем, ки сулҳро чун мардумаки чашми худ эҳтиёт намоянд, зеро тамоми музаффариятҳои солҳои соҳибистиқлолии мо аз он сарчашма мегиранд. Ба таъбири Сарвари давлат: «Як мулки обод, як мулки пешрафта» (аз Паёми 28-уми декабри соли 2023) бунёд намудан, ба шарофати сулҳи пойдору ҷовид ба даст меояд.
Раъногул ИМОМАЛИЕВА,
дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
номзади илми фалсафа