Баргашт Чоп кардан

ИЛМ. МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ

Яке аз мушкилиҳои асосии соҳаи илми ҷумҳурӣ тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд аз 24-уми декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул гардида бошад ҳам, тамоми низоми маориф ва илми ҷумҳурӣ то ҳол муқаррароти ин Қонунро пурра ва сифатнок истифода намекунанд. Маълум аст, ки доир ба иҷрои Қонуни мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия нашудаанд ва нисбат ба масъалаи пайвасти илм ба амалия дар асоси он тадбирҳо пешбинӣ нагардидаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар Қонуни номбурда роҳҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ шуда бошанд ҳам, масъалаҳои вобаста ба ҳавасмандкунонии олимон ҳаллу фасли худро наёфтаанд. Гузашта аз ин, бо сабаби аз ҷониби кормандони масъули қонунгузорӣ дастгирӣ наёфтани ташкили корхонаҳои амаликунандаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар шакли стартапҳо дар Қонуни номбурда, ҳатто, мафҳуми “стартап” ҷой дода нашудааст, ки барои раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ дар оянда таъсири манфӣ мерасонад. Чунин ҳолатҳо дар низоми қонунэҷодкунии ҷумҳурӣ мушоҳида мешаванд. Барои мисол, дар ҳолати мазкур асос барои ҳуқуқшиносон он гаридааст, ки мафҳуми “стартап” дар қонунгузории амалкунанда вуҷуд надорад ва дастур дода шудааст, ки аз лоиҳаи Қонуни номбурда ин мафҳум пурра хориҷ карда шавад. Дар чунин ҳолат мо чӣ тавр метавонем санадҳои дигари вобаста ба фаъолияти илмӣ, илмию инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозию тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва илмию техникиро, ки ибораҳои муосири инноватсиониро дар бар мегиранд, таҳия ва мавриди иҷро қарор диҳем? Ҳамзамон, қабули Қонуни мазкур имконият фароҳам овард, ки ниҳодҳои илмӣ барои пайвасти илм ба амалия роҳҳои қонунии онро истифода намоянд. Роҳҳои татбиқи илм ба амалия бо ду роҳ амалӣ мешавад: бевосита ҳангоми ба таҳқиқотгар (на муассиса) додани маблағҳои зарурӣ тариқи гранти давлатӣ ва ба марказҳои махсуси тиҷоратикунонии давлатӣ ё бахши хусусӣ фурӯхтани ҳуқуқи амаликунонии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.
Қобили зикр аст, ки барои амалӣ намудани раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, дар кишвар, пеш аз ҳама, ба қонунгузорӣ бояд тағйироти дахлдор ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ба ихтироъкор додани ҳиссаи муайян аз истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолшаванда ворид карда шавад, зеро аз лоиҳаи Қонуни номбурда ҳамаи тадбирҳои дастгирӣ ва ба низоми байналмилалӣ наздик намудани раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ихтисор гардидаанд.
Омӯзиши иҷрои Қонуни мазкур дар низоми илм ва маорифи ҷумҳурӣ собит намуд, ки он бо сабаби маблағгузорӣ нашудани раванди тиҷоратикунонӣ то ҳол амалӣ намегардад. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Қонуни мазкур ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ниёз дорад, зеро дар раванди тиҷоратикунонӣ паркҳои технологии саноатӣ аксар вақт бо корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳамкорӣ намуда, ба ҳамгироии соҳибкории хурду миёна ба занҷирҳои саноатӣ мусоидат мекунанд. Паркҳои илмӣ ва технологӣ ба таҳия ва тиҷоратикунонии технологияҳои нав таваҷҷуҳ доранд. Онҳо бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо алоқаи зич дошта, ба интиқоли технология ва ҳамкории байни илм ва тиҷорат мусоидат мекунанд. Паркҳои технологӣ барои таҳқиқот ва коркарди маҳсулоти инноватсионӣ шароит фароҳам меоранд. Паркҳои технологии инноватсионӣ платформа барои стартапҳо ва ширкатҳои инноватсионӣ мебошанд, ки кӯшиш менамоянд навовариҳоро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ кунанд.
Паркҳои технологии инноватсионӣ дар рушди экосистемаи соҳибкорӣ низ нақши калидӣ мебозанд ва аксар вақт ба инкубаторҳои лоиҳаҳои ояндадор табдил меёбанд.
Масъалаи татбиқи илм дар истеҳсолот ё бо ибораи расмӣ тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз мушкилиҳои рӯзмарраи соҳаи илм ва иқтисодиёти миллӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати ҳалли он борҳо Пешвои миллат ибрози назар кардаанд ва таъкид намудаанд, ки дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
Имрӯз тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати ташкили Комиссияи ҷумҳуриявии тиҷоратикунонӣ ба зиммаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки бояд дар ин самт ин ниҳод аз худ фаъолмандии бештар нишон диҳад.
Дар маҷмуъ, раванди тиҷоратикунонӣ ташкили паркҳои технологиро низ талаб мекунад, ки ҳар як лоиҳаи тиҷоратикунонӣ бояд аз нуқтаи назари қобилияти амалишавӣ санҷида шавад. Мақсади ниҳоии мо бояд сифатнок иҷро гардидани Қонуни мазкур бошад.
Раҳмоналӣ ШАРИФЗОДА,
корманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон