Шералӣ Кабир раиси Федератсияи волейболи Тоҷикистон интихоб шуд
Конференсияи интихобии Федератсияи волейбол 7-уми май дар шаҳри Душанбе доир гашт.
Дар конференсия котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода ва аъзои Федератсияи мазкур иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа номзадии Шералӣ Кабир – вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаи раиси Федератсияи волейболи Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби аъзои Федератсия интихоб карда шуд.
ҚАЙИҚРОНӢ
Медали биринҷӣ аз Чемпионати Осиё
8-10-уми май дар шаҳри Нанчанги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.
Дар мусобиқа 244 варзишгари 20 давлати қора дар 10 сабқати мардон, 10 сабқати занон ва 4 сабқати омехта иштирок карданд.
Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа се варзишгар миёни мардҳо – Шаҳриёр Даминов, Муҳаммадӣ Раҷабов ва Амирҷон Бобоҷонов намояндагӣ карданд.
Шаҳриёр Даминов ва Амирҷон Бобоҷонов дар каноэи дунафарӣ (С2) ба масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд. Ин ҷуфт дар даври гурӯҳӣ натиҷаи 3:45.529 ва дар финал натиҷаи 4:01.727-ро нишон дод.
Дар сабқати каноэи якнафарӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 1000 метр ҷойи шашум, Шаҳриёр Даминов дар масофаи 200 метр ҷойи ҳафтум, дар масофаи 500 метр ҷойи ҳаштумро гирифтанд.
БОКС
Дар Душанбе “Шоми бокс” баргузор мешавад
Мусобиқаи «Шоми бокс» миёни муштзанҳои касбӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-юми май дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Дар рақобати асосӣ, ки аз 10 раунд иборат аст, варзишгари маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов (9-0) ва Алберт Пагара (35-1) аз Филиппин барои дарёфти камарбанди чемпионии WBA Gold дар вазни сабук мубориза мебаранд.
Ҳамчунин, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж -2024 Давлат Болтаев (5-0) бо Мвого Амугу аз Камерун, чемпиони Осиё дар вазни сабук Акмал Убайдов (6-0) аз Тоҷикистон бо Ержан Залилов (11-2) аз Қазоқистон муҳориба хоҳанд кард. Чемпиони дукаратаи Русия Евгений Кул дар бокси касбӣ бори аввал ба рақобат мепардозад. Рақиби ӯ дар вазни 67 кило Фаризбек Ҳакимов (3-2) аз Ӯзбекистон аст. Дар вазни нимамиёна Максим Черничук (8-0-1) аз Русия ва Майкл Кинг (6-3-1) аз Люксембург вориди ринг мешаванд. Муштзани русиягӣ Басир Абакаров (11-0) бошад, муқобили Ҳалимҷон Мамасолиев (2-0) аз Ӯзбекистон қарор хоҳад гирифт.
25 МАЙ
Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукӯҳ таҷлил мегардад
Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) аз 19 то 25-уми май дар сартосари кишвар, ҷиҳати оммавӣ гардондани футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ миёни собиқадорони футболи Тоҷикистону Россия, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, оғози мавсими нави Лигаи бонувони Тоҷикистон аз чорабиниҳои асосии ҷашнӣ мебошанд. Ҳамчунин, мусобиқаҳо миёни ташкилотҳо, мастерклассҳо бо иштироки футболбозони маъруфи кишвар ва чорабиниҳои зиёд миёни кӯдакон дар нақша аст.
Лигаи олӣ: натиҷаи даври 8-ум
Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гаштанд.
Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсафи мусобиқа – “Истиқол” ва “Вахш” мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Феълан дар ҷадвали мусобиқа тими Душанбе бо 21 хол дар ҷойи якум, дастаи Бохтар бошад, бо 19 хол дар зинаи дуюм мавқеъ доранд.
Дар бозиҳои дигар “Ҳосилот”-и Фархор бар “Хуҷанд” (3:1), КМВА бар “Истаравшан” (4:1) пирӯз гашта, “Панҷшер”-и Ҷалолиддин Балхӣ аз “Эсхата” (2:4), “Барқчӣ” аз “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳулбук”-и Восеъ аз “Регар-ТадАЗ” (0:3) мағлуб шуданд.
Дар даври 9-ум, ки 16-18-уми май ба нақша гирифта шудааст, “Вахш” бо “Ҳулбук”, “Истаравшан” бо “Барқчӣ”, “Равшан” бо “Истиқлол”, “Эсхата” бо КМВА, “Хуҷанд” бо “Панҷшер” ва “Регар-ТадАЗ” бо “Ҳосилот” вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”