Суботи сиёсӣ ҳамчун арзиши муваффақияти сиёсати давлатӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар пайваста ба ҳимоя ниёз дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарғиби идеологияи радикалӣ, ғояҳои экстремистии ҳадафмандона сурат мегиранд, ки мақсадашон тағйир додани афкори ҷамъиятӣ мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ хуб медонанд, ки дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ зарба задан ва таъсир расондан ба афкори ҷамъиятӣ ба заифшавии пояҳои давлатдорӣ оварда мерасонад.
Ин нуктаро Хӯҷамурод Сафарализода, мудири кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мизи гирд, ки бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Суботи сиёсӣ – омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир” баргузор гардид, зикр намуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар ифтитоҳи чорабинӣ зикр кард, ки мавзуи мизи гирд хеле муҳим ва мубрам буда, бидуни суботи сиёсӣ пешрафтҳо дар ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баромад намуда, гуфт, ки тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Бо мақсади танзими ҳуқуқи фаъолият дар самти ватандӯстии шаҳрвандон, дар низоми қонунгузории кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” рӯйи кор омад. Дар ин радиф қабул гардидани барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 имкони татбиқи вазифаҳои мушаххаси дар Қонуни мазкур пешбинишуда ва дар амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои то соли 2030 мусоидат менамояд.
Сипас, Раҷамад Абдураҳмонзода, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ, дар мавзуи “Сиёсати ҷавонон ва маданияти сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар мисоли ҷавонони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар” маъруза намуд. Ба андешаи ӯ, нақши илми ҳарбӣ дар тарбия ва ташаккули сиёсати ҷавонон ва маданияти сиёсӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр назаррас мебошад, ки шуруъ аз соли 1992 зиёда аз панҷсад нафар дастпарварони Донишкадаи ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо дар мавриди сиёсати тарбия ва маданияти ҳарбӣ – сиёсии ҷавонон шурои олимони Донишкадаи ҳарбӣ, ки яке аз боргоҳҳои муҳим барои тарбияи сиёсии ҷавонон ба шумор меравад, нақши асосӣ мебозад. Имрӯз дар сохтори Донишкада ҷамъияти илмии курсантон фаъолият дорад, ки дар он афсарони пуртаҷриба ва афсарони самти корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ фаъолона иштирок намуда, дар тарбияи ҳарбӣ, ватандӯстӣ ва сиёсии ҷавонон дар ҷамъияти илмии курсантон саҳми хешро мегузоранд.
Дар идома доир ба мавзуъҳои “Суботи ҷамъиятиву сиёсӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодии кишвар”, “Устувории муносибатҳои сиёсӣ ҳамчун омили таҳкими суботи сиёсӣ”, “Суботи сиёсӣ ҳамчун манфиати ҳаётан муҳим”, “Амнияти идеологӣ ҳамчун афзори амнияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Омилҳои монеаафкан ба суботи сиёсии Тоҷикистон” ва “Нақши мақомоти прокуратура дар татбиқи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи сиёсӣ” маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
“Ҷумҳурият”