12-уми май дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси прокуратураи ноҳия бо масъулони сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, фаъолон, мутасаддиёни раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе дар ноҳия, шабакаи барқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ноҳия мулоқот доир гардид. Дар мулоқот мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ мавриди шарҳу тафсир қарор дода шуд.
Прокурори ноҳия Баҳриддин Сафарзода перомуни ин масъала суханронӣ намуда, аҳамияти муҳими ҳаётӣ доштани истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқро таъкид кард. Зикр шуд, ки тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгарӣ дар самти истифодаи нодурусти неруи барқро пурзӯр менамоянд, дар шароити феълӣ аҳамияти калидӣ дошта, барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ нақши бориз мегузоранд.
Дар бастагӣ ба ин масъала, Баҳриддин Сафарзода дар ҳузури васеи фаъолони ноҳия моҳияти тағйиру иловаҳоро шарҳ дода, даъват кард, ки зарур аст, то дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳар нафар саҳми фаъол гузорад.
Дар вохӯрӣ аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки ба ҷойи истифодаи самараноки зихираҳои обию энергетикӣ ва риояи реҷаи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, то кунун баъзе муштариён ҳаққи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт наменамоянд. Чунончи, қарзи ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳолати 1-уми майи соли 2025-ум 31,87 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам ташвишовар аст.
Созмон додани чунин вохӯрии муҳим дар ҳолест, ки айни замон тибқи супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти прокуратура бо ҷалби кормандони дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ваколатдори назоратӣ вазъи риояву иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба истифодаи самараноки неруи барқ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳамаи субъектҳои таъминкунандаи неруи барқ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият) мавриди санҷиш қарор дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе бо фармони прокурори шаҳр аз 26-уми апрел бо шумули кормандони прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти оташнишонӣ ва раёсати Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории доимамалкунанда созмон ёфта, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика санҷишҳо ба роҳ монда шудаанд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”