Ҳадафҳои олимпии Осиё дар Ассамблеяи генералии ШОО баррасӣ шуданд
11-12-уми май дар Кувайт 45-ум Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё (ШОО) доир гашт. Дар баробари намояндагони 45 кумитаи миллии олимпии қора, президенти КБО Томас Бах, президенти интихобшудаи КБО Кирсти Ковентри ширкат доштанд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноибони президент Зулфиқор Гулаҳмадзода, Дилшод Назаров ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ояндаи варзиш дар минтақа муҳокима шуд. Кирсти Ковентри зимни суханронӣ нақши марказии Осиёро дар ҳаракати олимпии ҷаҳон таъкид кард ва азми худро ба муколама бо кумитаҳои миллии олимпӣ ва варзишгарон бори дигар таъкид намуд.
Ҳисоботҳо аз ҷониби панҷ ноиби минтақавии президенти ШОО, президенти Агентии ҷаҳонии зидди допинг Витолд Банка пешниҳод шуда, рӯйдодҳои муҳими охирин ва дарпешистода баррасӣ гардиданд. Кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои Осиё - Ҳангжоу (2023) ва Бозиҳои зимистонаи Осиё – Ҳарбин (2025) аз таҷрибаи худ нақл карда, мизбонони ояндаи бозиҳои осиёӣ, аз ҷумла Баҳрайн (Бозиҳои наврасони Осиё-2025), Айчи-Нагая (Бозиҳои Осиё-2026), Риёз (Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ-2026) гузориш доданд.
Директори генералии ШОО Ҳусайн ал-Мусаллам мураккабии логистикии Айчи-Нагаяро зикр карда, иброз намуд: "Ташкилкунандагон бо мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд ва уҳдадорӣ ва масъулияти мост, ки онҳоро дастгирӣ кунем".
Дар ҷаласа давраи тақвимии Бозиҳои Осиё низ баррасӣ шуд. Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ҷонибдори он аст, ки бозиҳои варзишии қитъавӣ ба унвони мусобиқоти интихобии олимпӣ хидмат кунанд, аммо замони баргузории Бозиҳои Осиё, ки маъмулан ду сол пеш аз Олимпиада баргузор мешавад, мушкил эҷод мекунад. Ҳусайн ал-Мусаллам чунин ислоҳотро имконпазир донист, вале гуфт: "Ин дар ояндаи наздик рӯй нахоҳад дод, зеро муҳлати созишномаҳои мавҷуда соли 2034 ба анҷом мерасад”.
Дар Ассамблея, ҳамчунин, афзалиятҳои стратегии Шурои олимпии Осиё мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҷалби эҳтимолии варзиши зеҳнӣ дар чорабиниҳои оянда, беҳбуди намояндагии гендерӣ дар Кумитаҳои миллии олимпӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ҳоли ҳозир аз 45 Кумитаи миллии олимпии Осиё танҳо шаштоаш ба меъёри 30%-и роҳбарии занони КБО мувофиқат мекунад ва ин боиси талошҳои нав барои беҳтар кардани гуногунрангӣ мегардад. Илова бар ин, ШОО кӯшиш мекунад, ки қудрати таъсиргузории расонаҳои хабариро барои васеъ кардани аудиторияи Бозиҳои Осиё ва ҷалби ҷавонон истифода барад.
Саммит бо эълони Ассамблеяи генералии навбатии Шурои олимпии Осиё соли 2026 дар Тошкенти Ӯзбекистон анҷом ёфт.
Дар доираи Ассамблеяи генералӣ Шурои олимпии Осиё бо ҳукумати шаҳри Ҳарбини Чин дар бораи таъсиси маркази таълимӣ барои намудҳои зимистонаи варзиш дар Осиё Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд.
БОКС
Варзишгарони ҷавон дар Чемпионати Осиё ширкат доранд
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонон, ки 12-уми май дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка шуруъ шуда, то 24-уми май идома меёбад, иштирок доранд.
Ба иттилои Конфедератсияи бокси Осиё, дар чемпионат 232 муштзан аз 23 кишвар ширкат мекунад.
Муҳорибаҳо мувофиқи синну соли варзишгарон дар ду гурӯҳ ҷараён дорад: миёни ҷавонони то 18-сола ва то 22-сола.
Ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё чунин аст:
Муштзанҳои то 18-сола: Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзод (60 кг), Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (70 кг), Билолҷон Иксанов (54 кг), Зоир Ҳоҷибеков (60 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Алишерхудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг), Рустам Мамадпаноев (86 кг);
Муштзанҳои то 22-сола: Фариза Ёқубова (52 кг), Ҳангома Исоева (60 кг), Дилноза Нуримова (63 кг), Муинхӯҷа Муъминов (48 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (67 кг), Муродҷон Ашуралиев (71 кг).
Муҳорибаҳои муқаддамотӣ аз 12 то 18-уми май баргузор мешаванд. Даври нимниҳоӣ 20-21-уми май, финал 22-23-юми май барпо мегарданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”