Дипломатияи муваффақ ин пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як кишвар, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ, пешбурди дипломатияи муваффақ ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилотест, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди бузург дар дипломатияи муваффақ ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.
Пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муваффақи он ба фаъолияти фидокоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Чунки, дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор доранд. Аз ин лиҳоз, дар китоби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Уфуқҳои Истиқлол» омадааст, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ нуктаи калидӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд: «Дар марҳалаи имрӯзаи таърихӣ, манфиатҳои миллии мо, пеш аз ҳама, аз ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди девори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тули марзҳои кишвар; инкишофу рушди муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси ҳамкориҳои мутақобила; фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум…, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар; тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар ва ғайра иборат мебошад».
Бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибат бо кишварҳои минтақа дар авлавият қарор дошт. Ҳамкориҳои судманд дар сиёсати хориҷии минтақа, аз ҷумлаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он аъзо будан дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки таъсис ёфтани созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай то андозае ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар минтақа мусоидат намуда, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва барҳам додани ҳамагуна таҳдидҳо мусоидат менамоянд.
Маҳз пешбурди дипломатияи муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он водор намуд, ки масъалаҳое, ки дар давоми солҳои тулонӣ ҳамчун масоили таҳдидзо арзёбӣ мегардиданд, ҳаллу фасл гарданд. Аз он ҷумла, таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳост. Чуноне маълум аст, аз соли 2017 дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳалаи нав оғоз гардид. Нармшавии муносибатҳои ду кишвар ба он оварда расонд, ки 16 гузаргоҳи сарҳадии байни кишварҳо боз гардида, муносибатҳои нави иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар байни ду кишвар ба роҳ монда шуданд.
Инчунин, дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи марти соли 2025 падидаи бузурге ба амал омад. Махсусан, зимни сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 13-уми марти соли 2025 санадҳои муҳим байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расиданд, ки оид ба сарҳади давлатии ду кишвар ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба буданд. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат, қадами бузург дар сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад. Албатта, ин падидаи беназир дар дипломатияи тоҷик ва дастоварди бузург дар давлатдории миллии мо ба шумор рафта, дар таърих бо хатти заррин навишта мешавад, ки натиҷаи он сулҳу дӯстии пойдор, рушди иқтисодиву иҷтимоии ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.
Ҳамзамон, дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарварони се кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ, гӯё аз таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, наздикшавии кишварҳои минтақа дар шароити воқеиятҳои ҷаҳони муосир аз чанд ҷанба муҳим ва саривақтӣ аст.
1. Пеш аз ҳама, наздикшавӣ ба таҳкими дӯстии халқҳои кишварҳои минтақа ва амнияти минтақавӣ мусоидат менамояд. Тоҷикистон, ки ташаббускори амнияти минтақавӣ аст, масъалаи ҳамзистии халқу миллатҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамҷавории нек, аз ҷумлаи арзишҳои миллии мо мебошад.
2. Таҷрибаи чандсолаи дар фосила қарор гирифтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баъзе кишварҳои минтақа, на ба рушди муносибатҳо, балки ба карахтшавии он оварда расонд. Аз ин рӯ, дар шароити муосир наздикшавии муносибатҳо барои бартараф намудани ихтилофҳо, таҳкими истиқлолият ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвари минтақа созгор аст.
3. Барои рушд ва ҳамкориҳо дар минтақа зарфияти хуб ба роҳ монда шудааст, ки он аъзо будан дар созмонҳои минтақавӣ мебошад. Дар доираи созмонҳои минтақавӣ масъалаҳои асосии амниятӣ, сиёсиву иқтисодии давлатҳо баррасӣ мегарданд, ки созмонҳои мазкур заминаи боэътимод баҳри рушди дастаҷамъонаи кишварҳои минтақа мебошанд. Инчунин, созмонҳои минтақавӣ на танҳо масъалаҳои амнияти кишварҳоро таҳким мебахшанд, балки ҳамчун созмонҳои ҳамкории байнидавлатӣ шинохта шудаанд.
4. Наздикшавии кишварҳо на танҳо масъалаҳои сиёсати хориҷии минтақавиро таҳким мебахшанд, балки барои рушди масъалаҳои дохилии кишварҳо мусоидат хоҳанд намуд. Чунки, халқҳои кишварҳои минтақа таърихан аз лиҳози иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайра ба ҳам наздиканд. Иқдоми бузурге, ки аз ҷониби сарварони кишварҳои ҳамҷавор гирифта шуд, метавонад ин ҷанбаҳоро тақвият бахшад ва барои ҳаёти осоишта, дӯстии бардавоми халқу миллатҳои ин сарзаминҳо заминаи воқеӣ гузорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки наздикшавии кишварҳои ҳамҷавори минтақа ба таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамояд, ки дастоварди беназири дипломатияи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу амният буда, мутмаин ба он аст, ки танҳо сулҳ ва ҳамзистии осоишта барои рушди ояндаи давлат ва халқу миллатҳо мусоидат менамояд. Мароми мо сулҳ буду ҳаст ва ба қавли шоири маъруфи сулҳсарои тоҷик устод Мирзо Турсунзода:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Нусратулло ЗОКИРЗОДА, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, номзади илмҳои фалсафа