Баргашт Чоп кардан

ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

Дави миллӣ-2025 18-уми май доир мешавад
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23-юми май) ва бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он, 18-уми май дар қаламрави кишвар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.
Чорабинии Дави миллӣ аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май доир мешавад. Дар он хурду калон, новобаста ба синну сол иштирок мекунанд.
ФУТБОЛ
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон оғоз мешавад
Дар остонаи оғози мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо намояндагон ва мураббиёни дастаҳо ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Лига Суҳроб Ашӯров шакли баргузории мусобиқоти мавсими навро фаҳмонд. Даҳ дастаи занона, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуданд, дар ҳаштум Чемпионати Тоҷикистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Бозиҳо дар чор марҳала баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Дар Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 15 даста, ки се гурӯҳро ташкил медиҳанд, ширкат мекунанд. Ғолибон ва беҳтарин дастаҳои зинаи дуюми гурӯҳҳо барои ҷойҳои ифтихорӣ муборизаро давом медиҳанд. Байни духтарони то 15-сола бошад, 20 даста дар панҷ гурӯҳ бозӣ мекунад. Ғолибон, инчунин, беҳтарин дастаҳои ҷойи дуюм, ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон моҳи май оғоз шуда, моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад.
ММА
Ҳарифи навбатии Наимов дар UFC маълум шуд
Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов (12-3) муҳорибаи навбатии худро дар ташкилоти бонуфузи UFC анҷом медиҳад. Ҳарифаш Богдан Град (15-2) аз Австрия мебошад.
Муборизаи размкорон дар мусобиқаи “UFC Baku” (Озайрбойҷон) 21-юми июн ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммад Наимов охирон маротиба моҳи феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар чаҳорчӯби мусобиқаи “UFC Fight Night 250” бар Каан Офлии австралиягӣ пирӯз шуда буд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”