Баргашт Чоп кардан

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминӣ бунёд хоҳад шуд
16-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминийи ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди он шинос гаштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои масъулон, дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, татбиқи марҳала ба марҳалаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Данғара сол ба сол бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина рӯи даст гирифта шудааст. Дар коргоҳи ҶДММ «Куруши Кабир Индастри», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҳир Олимӣ бунёд мешавад, дар оянда имкон аст, ки 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардад.
Тибқи нақша, оғози фаъолияти истеҳсолии коргоҳи мазкур сентябри соли 2026 пешбинӣ шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда хоҳад шуд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро ибратбахш номида, ба онҳо арзи сипос намуданд.
Гузоштани санги асос ба марҳалаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп»
16-уми май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳалаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Групп» санги асос гузоштанд.
Корхонаи мазкур ба амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, нигаронда шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектар буда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, ки қисме аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, 120 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулони соҳа ва роҳбарияти корхона, барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ «Оксус Интеразия»
16-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис ёфта, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Ҳаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳала 27 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар он 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии солонаи он 3 миллиард донаро ташкил медиҳад. Таъкид шуд, ки корхона давоми як сол бо иқтидори пурра ба кор медарояд.
ҶДММ «Оксус Интеразия» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд, ки 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулони корхона, ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ дар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дода, иншооти навбунёдро намунаи олии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат арзёбӣ намуданд. Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ беш аз 100 имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст, ки барои пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ ва истеҳсолот мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди корхонаи ҶДММ «Сомон Фуд Хатлон» шинос шуданд.
Зимни муаррифии лоиҳа зикр гардид, ки корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд ёфта, то охири соли равон ба кор дароварда мешавад. Самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд. Тибқи нақша, дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидораш дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мешавад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи кишвар нигаронда шудааст. Ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки масоҳаташ 541 гектарро ташкил медиҳад, 37 ширкати ватанию хориҷӣ фаъолият дорад.
Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳоло дар МОИ «Данғара», дар маҷмуъ, наздики 600 ҷойи кор мавҷуд аст.
Соли гузашта ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ 34 миллион сомониро дар бар гирифта, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад, беш аз 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло аз ҷониби субъектҳои МОИ «Данғара» истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, металлоконструксия, лӯлаҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, коркарди меваи хушк ва ғайра ба роҳ монда шуда, порсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 54 миллион сомонӣ расид.
Боздид аз кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»
16-уми май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқанд, парвариш менамоянд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андӯхта, то ба ҳосил даромадани ниҳолҳо, байни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон, ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд.
Дар боғи гелоси хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам», асосан, навъҳои барвақтии «бурлат» ва «кордия» парвариш мегарданд, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот мувофиқ мебошанд. Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» бисёрсоҳа буда, хоҷагидорон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полизӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғуланд.
Ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кооператив дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағир, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полизӣ ва 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ, ошноӣ пайдо намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар масоҳати беш аз 480 гектар боғҳо бунёд ёфтаанд, ки аз онҳо 180 гектарро себ, 75 гектарро бодом, 100 гектарро олу, 12 гектарро чормағз, 6 гектарро ангур, 6 гектарро нок ва 3 гектарашро боғи гелос ташкил медиҳанд. Дар хоҷагӣ масоҳати боғҳои интенсивӣ низ, тадриҷан, меафзояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони кооперативро намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полизӣ ва меваи тару тоза, хушкмеваҳо, ғалладона ва неъматҳои дигари табиӣ, муаррифӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавоту полизӣ дар кооператив, ба нашъунамои пиёзи барвақтӣ, ки қариб расидааст ва пиёзи кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва агробизнеси муосир дастуру тавсияҳои судбахш доданд.
Тавре иттилоъ доданд, ҳосили интизорӣ аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 500 сентнер аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 35 гектар замини лалмии бекор ба таври қатрагӣ шодоб ва ба гардиши кишоварзии обӣ дароварда шудааст.
Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон
ва мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара
17-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.
Дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зарифбек Давлатзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.
Меҳмонони ноҳияи Данғара – раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба таассуроти некашон аз корҳои созандагию ободонӣ андеша ронда, таҷрибаи сокинони ноҳияи Данғараро намунаи ибрати дигар минтақаҳои Тоҷикистон номиданд.