Баргашт Чоп кардан

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Моддаи 1. Ба эзоҳи моддаҳои 1793 ва 3071 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251), пас аз калимаи «он» калимаҳои «, ба истиснои маъқул донистан (гузоштани «лайк» ё дигар аломат)» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2169

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 апрели соли 2025, №68

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №37


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Дар ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 293 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №12, қ. 1, қ. 2, мод. 757; с. 2024, №7-11, мод. 521) калимаҳои «бо талаби он аз ҷониби суд» ба калимаҳои «дар асоси аризаи ӯ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, № 2171

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 23 апрели соли 2025, №85

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №38


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №1-2, мод.3; с.2023, №11, мод.463) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 38 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо менамоянд ва дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд ё дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд, метавонанд пас аз се моҳи гузаштани хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба вазифаҳои прапоршикӣ ё афсарӣ таъин карда шаванд.».
2. Ба банди 1) қисми 3 моддаи 59 пас аз калимаҳои «ҳатмии муҳлатнок» калимаҳои
«, ба истиснои ҷинси зан» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, № 2174

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 5 майи соли 2025, №97

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №40


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2164) моддаи 6061 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 6061. Риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо
1. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, соҳибкорони инфиродӣ аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои саркашӣ намудан аз рамзгузории электронии молҳо, бе рамзгузории электронии молҳо ба фурӯш баровардани молҳо ё қалбакӣ омода намудани рамзгузории молҳо,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, соҳибкорони инфиродӣ аз сад то яксаду бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2170

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 23 апрели соли 2025, №89
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №39

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, № 1-3, мод. 26) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 12) моддаи 1 калимаҳои «грантҳо, ба истиснои грантҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» ба калимахои «инчунин грантҳо» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 5:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1) ташкилотҳои харидор;»;
- банди 2) хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2) ва 3) ҳисобида шаванд.
3. Банди 6) моддаи 6 хориҷ карда шуда, банди 7) банди 6) ҳисобида шавад.
4. Дар моддаи 7:
- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7) тасдиқ намудани натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолиби озмун;»;
- дар банди 8) калимаҳои «харидори соҳибтахассус» ба калимаи «харидор» иваз карда шаванд.
5. Аз қисми 1 моддаи 8 калимаҳои «ташкилоти харидори соҳибтахассус ё» хориҷ карда шаванд.
6. Моддаҳои 10 ва 11 хориҷ карда шаванд.
7. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад барои таҳкими захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони харид ва такмили ихтисоси онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
2. Агар вобаста ба ҳаҷми умумӣ ва хусусиятҳои харид мувофиқи мақсад бошад, ташкилоти харидор метавонад вазифаҳоро оид ба ташкил ва анҷом додани расмиёти харид ба зиммаи шахс(он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассиси харид вогузор намояд ё воҳиди сохтории харидро, ки дар он ҳадди ақал яке аз кормандон дорои сертификати мутахассиси харид мебошад, ташкил намояд. Барои гирифтани сертификати мутахассиси харид шахс(он)-и мансабдор ё корманд(он)-и воҳиди сохтории харид бояд мутобиқи барномаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ё барномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ муштарак омӯзонида шавад. Сертификати мутахассиси харид аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо барои гирифтани сертификат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мегузаронад, дода мешавад.
3. Мутахассисони харид уҳдадоранд дар барномаҳои такмили ихтисос, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ ва гузаронида мешаванд, бо минбаъд супоридани имтиҳон, ки барои нигоҳ, доштани эътибори амали сертификати мутахассиси харид асос мебошад, иштирок намоянд.».
8. Дар қисми 1 моддаи 30 калимаи «дорои» ба калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё» иваз карда шавад.
9. Қисми 4 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Ташкилотҳои харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои тасдиқ натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ ва муайян намудани ғолибро пешниҳод менамоянд.».
10. Дар қисми 1 моддаи 43 калимаҳои «Ҳуҷҷатҳои озмунӣ» ба калимаҳои «Пешниҳодҳои озмунӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 49:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ташкилоти харидор метавонад дархости нархномаро мутобиқи қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 моддаи мазкур барои хариди молҳо, ки дастрас буда, барои онҳо бозори ташаккулёфта мавҷуд аст, инчунин барои хариди кор ва хизматрасонии ғайримашваратӣ мутобиқи номгӯй, ки дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ тасдиқ шудааст, истифода намояд, ба шарте ки арзиши тахминии шартномаи харид аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии дар қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ муқарраргардида камтар бошад.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «ё хизматрасонӣ» ба калимаҳои «, кор ё хизматрасонии ғайримашваратӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 3 моддаи 71:
- банди 1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«1) банақшагирии харид, аз ҷумла таҳияи тавсифоти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ;»;
- бандҳои 1), 2), 3) ва 4) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2177

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2025, № 77
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №50

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ОБЪЕКТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК»
Моддаи 1. Моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897; с. 2020, №1, мод. 28) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ
Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, № 2178

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2025, №81

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №51

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 170; с. 2008, №10, мод. 812; с. 2009, №5, мод. 318, №7-8, мод. 496; с. 2010, №1, мод. 9, №12, қ. 1, мод. 816; с. 2011, №12, мод. 844; с. 2016, №11, мод. 890; с. 2022, №7, мод. 449) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 63 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Таъсис ва фаъолияти Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад, тибқи хусусиятҳои пешбининамудаи Низомномаи намунавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, сурат мегирад.».
2. Ба қисми 2 моддаи 64 пас аз калимаи «оиннома» калимаҳои «, Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад» илова карда шаванд.
3. Дар сархати бисту якуми банди дуюми қисми 1 моддаи 65 калимаҳои «ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ» ба калимаҳои «, оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 3 моддаи 85 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Низомномаи намунавии Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон)-и ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд талаботи дигар ба директори мустақил муқаррар карда шаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2176

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 феврали соли 2025, №1581

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №48