Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкориҳои С5+1: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар кори он коршиносон ва муҳаққиқон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ораз Муртазозода, муовини якуми директори Марказ, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии Конфронс баррасии имконияту ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи механизми С5+1 ва муайянсозии дурнамои рушди робитаҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамоиш дар ду бахш сурат гирифта, доир ба имкониятҳои механизми мазкур барои рушди "иқтисоди сабз" ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ дар доираи манфиатҳои геополитикии кишварҳои араб, стратегияи ҳамкории кишварҳои минтақа дар қолаби С5+1, рушди ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи ИМА дар минтақа изҳори назар намуданд.
– Натиҷаи муҳокимаву баррасиҳои мавзуҳои мавриди назар барои Тоҷикистон ва минтақа муфид хоҳад буд, – гуфт, Лоҳутӣ Шарифзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”