Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ҷиддии башарият дар асри XXI мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиӣ, аллакай, ба ҳаёти миллионҳо одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Тибқи арзёбии мутахассисон, сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим на равандҳои табиӣ, балки фаъолияти инсон, аз ҷумла партовҳои газҳои гулхонаӣ ва моддаҳои зарарноки соҳаи саноати вазнин, нобудшавии ҷангалу вайрон шудани экосистема ва сӯзишвории ихроҷшудаи нақлиёт мебошанд.
Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон гардида истодааст. Пиряхҳо барои танзими иқлими ҷаҳонӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими давраи гидрологӣ ва таъмини миллиардҳо одамон бо оби тоза аҳамияти ҳалкунанда доранд. Бинобар тағирёбии иқлим, ки, асосан, бо фаъолияти инсон аз солҳои 1800-ум ба вуҷуд омадааст, ин захираҳои ҳаётан муҳим босуръат аз байн рафта истодаанд. Обшавии босуръат ва камшавии пиряхҳо ба иқлим, муҳити зист, нигоҳдории некуаҳволӣ ва саломатии одамон ва рушди устувор, аз ҷумла ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Бо назардошти ин ҳолат, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси нави ҷаҳониро таҳти унвони “2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуд, ки соли 2022 аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи А/77/443 қабул шуд. Ҳамчунин, тибқи Қатъномаи мазкур 21-уми март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардид.
Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, ки ба пиряхҳо аҳамияти махсус зоҳир гардад ва зиндагии нафароне, ки аз он вобастагӣ дорад ва равандҳои криосферӣ ба онҳо таъсир мерасонад, кафолати дастрасӣ ба хизматрасонии гидрологӣ, метеорологиву иқлимиро пайдо кунанд. Дар ин замина, нақши муҳими минтақаҳои кӯҳиро ҳамчун манбаи асосии оби тоза ва экосистемаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар барқияи худ ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро барои саъю кӯшиш дар ин ҷодаи муҳим баён намуда, зикр кард: “Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад”.
Соли 2025 кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ мизбони якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Яъне, Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад. Конфронси мазкур идомаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим буда, дар он шумораи зиёди роҳбарону намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон масъалаҳои вобаста ба арзёбии мушкилоти глобалии пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳоро баррасӣ мекунанд.
Ҳамкории ҷаҳонӣ калиди мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, мебошад. Солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас андешида, кишварҳо, аз ҷумла мамлакатҳои абарқудрат, ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили гирдроэнергетика, офтобу шамол, сармоягузорӣ мекунанд ва вобастагии худро аз сӯзишвории истихроҷшаванда коҳиш медиҳанд.
Ҳоло мавзуи тағйирёбии иқлим дар сиёсати ҷаҳонӣ таъсири бештар мерасонад. Давлатҳо дар якҷоягӣ рӯзномаи ҷаҳонии иқлимро таҳия намуда, майдон ва қолабҳои нав барои гуфтушунидҳои сиёсӣ ба мисли Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP) пайдо шуданд.
Хулоса, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ як ишораи муҳим мебошад, ки аз ҳоло амал кардан лозим аст. Танҳо тавассути муттаҳид намудани неруҳои ҳукуматҳо ва ҷомеаи илмӣ метавонанд суръати тағйирёбии иқлимро кам кунанд ва пиряхҳоро ҳамчун рамзи устувории табиӣ ва аҳамияти ҳаётан муҳими об барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки баррасии ин мушкилот на танҳо дар сатҳи олимону сиёсатмадорон, балки дар байни шаҳрвандони одӣ низ муҳим аст, зеро ояндаи сайёра аз тасмими бошууронаи ҳар як инсон вобаста аст.
Рухсора РАСУЛЗОДА,
омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ