Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли ин зуҳурот нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Терроризм таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар сокини сайёра буда, ягон мамлакат аз хатари фалокатбори он эмин нест. Дарвоқеъ, ин зуҳуроти даҳшатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида бо истифода аз номи дин ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешавад.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ терроризм чунин шарҳ дода мешавад: “Содир намудани амалҳое, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад. Истифодаи он мақсади зарари ҷисмонӣ расондан, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, халалдор кардани амнияти давлатӣ, тарсондани аҳолӣ, расондани таъсири манфӣ ба ҳокимият оид ба қабули қарорҳо мебошад”.
То кунун таҷриба нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳолатҳои ногувор ва вазъи нохуби ин ё он давлат истифода мекунанд ва бештар фаъол мегарданд. Махсусан, ифротиёни динӣ, ки аз дини мубини ислом суиистифода карда, миёни аҳолии осоишта иғво меандозанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо зуҳури чунин гурӯҳҳои тахрибкор боиси он гардид, ки солҳои 1992-1997 дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба миён ояд. Ҳамон даргириҳои бемаъние, ки оқибатҳои фоҷеабори он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аз ёдҳо нахоҳанд рафт. Аз ин рӯ, бояд пайваста ба насли ҷавону наврас таъкид намуд, ки дурандеш бошанд ва ба доми гурӯҳҳои тундраву ташкилотҳои террористӣ наафтанд. Ватани худро чун модар муқаддас донанд ва дӯст доранд, зеро дар аксар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қурбониёни асосӣ ҷавонон мебошанд.
Мусаллам аст, ки солҳои ахир созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мекунанд.
Дар чунин вазъ, шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар ростои чунин ҷараёнҳо ҳамеша аз ақли солим кор гиранд, то ба доми гурӯҳҳои террористию ифротӣ наафтанд. Баръакс, аз хатари фалокатбори терроризм ва экстремизм огоҳ шуда, худ ва дигаронро аз хавфи он нигоҳ дорем.
Терроризм ва экстремизм як симо доранд. Бинобар ин, мубориза алайҳи онҳо на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлативу доираҳои алоҳида, балки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту инсондӯст ва ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Агар мо пойбанди ҳамин асл бошем ва алайҳи терроризму ифротгароӣ муқовимат нишон диҳем, дар ҳифзи сулҳу ваҳдат, фазои осудаи Ватани маҳбубамон саҳмгузор хоҳем буд.
Суруш ШАМСУДДИНЗОДА,
ёрдамчии прокурори ҳарбии
гарнизони Душанбе