Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк (ИМА) сафари корӣ анҷом доданд.
Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд, Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафар бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ва раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмон Филемон Янг мулоқот карда, дар чорабинии таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» ва ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол дар СММ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ бо Антонио Гутерриш ва Филемон Янг масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Рустами Эмомалӣ дар сухани ифтитоҳӣ доир ба рушду тақвияти ҳамкориҳои СММ бо парламентҳои миллӣ, саҳми Маҷлиси Олии кишвар, бавижа палатаи болоии он, дар амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ ва татбиқи вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ шудаанд, ибрози назар кард.
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он, инчунин, пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд. Миёни мусоҳибон доир ба аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули афкор сурат гирифт.
Ба нақши калидии СММ дар баррасии масоили амниятӣ – вокуниш ба хавфу таҳдидҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, бахусус терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон таъкид гашт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу оромии комил ва рушди босубот дар ин кишвар буда, талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ-ро дар ин ҷода ҷонибдорӣ менамояд.
Дар суҳбат бо Филемон Янг иброз шуд, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи умумии СММ барои кишварҳои узви Созмон аҳамияти хос дорад. Ҷонибҳо изҳори бовар карданд, ки ин иқдом омили рушди беш аз пеши футбол ва умуман, варзиш дар олам мегардад.
Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони моҳири тоҷик, аз ҷумла гулдӯзии чакан, ҳунари кандакорӣ дар чӯб, нонҳои хуштаъм, асбобҳои қадимии рӯзгор, расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, ба тамошо гузошта шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини бостонӣ тули ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази муколамаи тамаддунҳо, зодгоҳи шоирони нобиға ва макони густариши анъанаҳои ҷовидона ба аҳли башар хизматҳои мондагор кардааст. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон макони як қатор ёдгориҳои Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм, Боғи миллии Помир, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва долони Зарафшон – Қароқум, мебошад. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат, солҳои охир анъанаҳои арзишманди миллати мо, аз қабили ҳунари гулдӯзии чакан, мусиқии Фалак, сози рубоб, анъанаҳои бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон, аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гаштанд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи рақамӣ дидан намуд.
22-юми май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Ню-Йорк) нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил гардид, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии СММ бо қатъномаи махсус 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилонаву дастаҷамъона ва эҳтироми ҳамдигар, бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Дар ин ҷода амалисозии Стратегияи рушди футбол то соли 2026 заминаҳои мусоиди густариши футболи ҷавонон, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаро дар кишвар фароҳам меоварад. Аз пешравию комёбиҳои дастаҳои миллӣ ва мунтахаби ҷавонону наврасони мамлакат дар сатҳи қора ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ шуд.
Рустами Эмомалӣ барои пешбурди муштараки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ба Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия ва кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, инчунин, барои дастгирию ҳамкориҳои судманд ба президенти ФИФА Ҷанни Инфантино изҳори миннатдорӣ кард.
Тавре дар охир Рустами Эмомалӣ таъкид сохт, Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳими тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”