Таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазир Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, вазири маориф ва илм, аз ҷумла оид ба таҷҳизондани кабинетҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан озмунҳои ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат баргузор мешаванд, изҳори назар намуд.
МУЛОҚОТИ РАВШАН РАҶАБЗОДА БО ШАМА ФАРУК
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо менеҷери Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» Шама Фарук ва мушовири рушди лоиҳа Азиза Мавлонова мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ шуд.
ШИРКАТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ
Дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони идораҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Сулаймон Исозода ширкат кард.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумита, хабар дод, ки дар нишаст Сулаймон Исозода дар бораи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар доираи СҲШ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон гузаронда шудааст ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расондани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида маъруза кард.
445 000 СОМОНӢ КУМАКПУЛӢ БА ИШТИРОКЧИЁНУ МАЪЮБОНИ ҶБВ
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ин ҷанг ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 7 000 сомонӣ ёрии яквақта дода мешавад.
Инчунин, шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ва онҳое, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо медалҳо сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулӣ хоҳанд гирифт.
Дар маҷмуъ, ба 11 иштирокчиву маъюби ҶБВ 77 000 сомонӣ ва ба 92 нафари дар ақибгоҳ фаъолияткардаву дорандагони медалҳо 368 000 сомонӣ, дар умум, 445 000 сомонӣ купакпулӣ тақдим мегардад.
ГУМОНБАРОНИ ЛАТУ КӮБИ САРБОЗОН ДАСТГИР ШУДАНД
24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ, навори лату кӯби як гурӯҳ ҷавонони дар тан либоси ҳарбидошта паҳн шуд. Оид ба ин навор прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронд, – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Муайян шуд, ки тахминан 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сержант Ҷонибек Қосимзода аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ, қаториҳо Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов ва Ҳоҷиакбар Сайфуллоев қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намудаанд.
Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Меҳмонҷон Мисиров, қаториҳо Бекзод Чориев, Замир Каримзода, Некрӯз Амиров ва Алишер Мусоевро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, зарари ҷисмонӣ ба саломатиашон расондаанд.
Вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гумонбаршудаҳо дастгир шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.