Дар болооби рӯди Кофарниҳон дараи хушманзараву хушбоду ҳавои Ромит доман паҳн кардааст, ки яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаву писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мавзеъ рушд менамояд.
Маҳз бо пешниҳоду дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар дараи Ромит вусъат ёфта, дар муддати кӯтоҳ ин мавзеъ боз ҳам ободтар шуда, ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфт. Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба ин мавзеъ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000-ум дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон шуд. Дар натиҷаи ин ва дигар тадбирҳои андешидашуда ҳоло дар фаслҳои баҳору тобистон ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон аз дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ба дараи Ромит барои истироҳату саёҳат меоянд.
Резервати биосферии «Ромит»
Мамнуъгоҳи «Ромит», ки онро резервати биосферӣ ном мебаранд, бо олами набототу ҳайвоноти бойи худ ба сифати макони сайёҳии экологӣ пазируфта шудааст. Он дар масофаи 80 км аз шаҳри Душанбе дар масоҳати 16,4 ҳазор гектар дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон – дараи Ромит доман густурдааст.
Тибқи маълумоти дастрас, дар мамнуъгоҳ 1503 навъи наботот, як намуди обхезҳо, 17 намуди хазандаҳо, 134 намуди парандагон ва 32 намуди ҳайвоноти ширхӯр мавҷуданд.
Ин ҷо барои ташкили сайёҳии экологӣ ва кӯҳгардӣ мувофиқ буда, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ ба мамнуъгоҳ мунтазам сафарҳо бо иштироки сайёҳону меҳмонони хоҳишманд ташкил карда мешаванд.
Дараи Арху
Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад. Мавзеи Арху дар қисмати шарқии деҳоти Ромит дар масофаи 75 км дуртар аз шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Арху ном гирифтани ин мавзеъ аз он ҷиҳат аст, ки болотар аз он деҳае бо ҳамин ном 60 сол пеш вуҷуд дошт ва солҳои 60-уми садаи 20 сокинони ин мавзеъро ба деҳаҳои нисбатан ҳамвор, наздики шаҳри Ваҳдат ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир намуданд. Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ин ин ҷо дарёе бо номи Рӯди пок ҷорист, ки обаш софу зулол мебошад. Дарёи мазкур аз чашмаҳо ғизо гирифта, ҳамеша сарду ҳаловатбахш аст. Дар ин мавзеъ ҳайвоноти гуногун маскан гирифтаанд. Дар дарёи Рӯди пок гулмоҳӣ, ки яке аз беҳтарин ва хушлаззаттарин моҳиҳо мебошад, мавҷуд аст.
Дар ин ҷо истироҳатгоҳи Арху воқеъ гардида, дорои меҳмонхонаи 5-ошёна дар шафати дарёи пуртуғёни Рӯди пок мебошад. Меҳмонхона аз 18 ҳуҷраи люкс иборат буда, дорои 28 рахти хоб мебошад. Ҳуҷраҳо дорои ҳамом, ҳуҷраи буғӣ ва дигар ашёҳои зарурӣ мебошанд.
Рӯди Кофарниҳон
Кофарниҳон яке аз рӯдҳои пуртуғёни Тоҷикистон буда, минтақаи сайёҳӣ будани ин макон маҳз ба он алоқамандии амиқ дорад, зеро сарсабзиву назаррабоӣ ва мавҷудияти ҳайвоноти нодирро дар дараи Ромит дарёи Кофарниҳон бо шохобҳояш таъмин менамоянд. Дарёи Кофарниҳон дар натиҷаи якҷояшавии дарёҳои мусаффои Сардаи Миёна ва Сорбо ташаккул ёфта, он, асосан, аз барф ва пиряхҳои қаторкӯҳҳои Қаротегин ва Ҳисор сарчашма мегирад. Дар ҷануби Тоҷикистон Кофарниҳон дарёи Омуро сероб мегардонад. Дарёи Кофарниҳон бо дарозии 387 км дар фаслҳои баҳору тобистон сероб гардида, хеле серталотум мебошад. Манзараҳои деҳоти ду тарафи рӯди Кофарниҳон ҳар бинандаро мафтун месозанд. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, дар дарёи Кофарниҳон 26 намуди моҳӣ мавҷуд буда, беҳтаринаш гулмоҳӣ аст, ки то 5 кг вазн дорад.
Иқтидори сайёҳии Ромит зиёд аст
Мавзеъҳои дурдасти Канаск, Явроз ва Аҷинадара аз муъҷизаҳои дараи Ромит аст. Роҳ ба ин тараф душворгузар буда, на ҳама ба ин ҷойҳо, махсусан Аҷинадара, расида метавонанд. Аҷинадара рахнаи тангеро дар анбуҳи сангини кӯҳ мемонад, ки дар қаъри ин тангно дарёи хурде ҷорӣ мешавад ва сайёҳонро лозим меояд канори он, ба воситаи об ҳаракат намоянд. Дар баромади дашт манзараи зебои дара кушода мешавад.
Ғайр аз ин, чашмаҳои шифобахши Покрӯд ва Зайрон барои табобати бемориҳои гуногун тавсия дода мешаванд ва дорои истироҳатгоҳҳо мебошанд.
Тибқи арзёбии мутахассисон, дараи Ромит бо ҳамаи ин зарфиятҳо иқтидори рушди бештари навъҳои гуногуни ҷаҳонгардӣ, аз қабили сайёҳии кӯҳӣ, дучархаронӣ, обӣ, саргузаштӣ ва экологиро дорост. Алҳол роҳи дараи Ромит ба таҷдид ниёз дорад. Хуллас, деҳоти Ромит дорои имконияту зарфиятҳои сайёҳӣ мебошад, ки дар сурати пешниҳоди дуруст ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонад фоидаи бештаре ба буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ оварад.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”