Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКОБОД. ЗАРАРДИДАГОН СОҲИБИ ХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ МЕШАВАНД

Дар ноҳияи Тоҷикобод таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматию дигар иншоот, ки бар асари заминларзаи 13-уми апрел рухдода зарар дидаанд, бомаром идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ дар 12 рустои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об 33 хона пурра ва 164 хона қисман вайрон шуда, ба 187 оилаи дигар зарари сабук расидааст.
Ба зарардидагони зилзила Ҳукумати мамлакат ёриҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрданию сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор, мерасонад. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату кумитаҳо 33 хонаи истиқоматиеро, ки пурра вайрон гаштаанд, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ бо меъёрҳои сохтмонӣ сохта истодаанд. Ба 164 хонаи қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пурра дастрас гардида, хонаҳо бо тариқи ҳашар аз нав бунёд мешаванд.
Ба 187 оилае, ки зарари сабук дидаанд, Ҳукумати мамлакат ду маротиба маблағ ва хӯрок дастрас намуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, мувофиқи зарари дидаашон ба чунин оилаҳо ёрии моддию маънавӣ мерасонад.
Талабшо Тӯйчиев, истиқоматкунандаи деҳаи Ғанишоби деҳоти Қалъаи Лаби Об, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар заминларзаи мазкур хонаҳои истиқоматии ман ва писарам пурра вайрон шуданд. Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ сари вақт омада, ба мо хӯроку хайма дода, ба бартарафсозии оқибатҳои офат шуруъ карданд. Ҳоло барои мо Ҳукумати мамлакат хонаҳои 4-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла ошхонаю ҳамом дар дарунаш, сохта истодааст. Ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ намуда, хурсандем, ки дар чунин шароит моро танҳо нагузоштанд.
Раҳматулло Амиров, сокини деҳаи Оҳангарони деҳоти Лангари Шоҳ, гуфт, ки дар ин заминларза хонаи истиқоматии мо ҳамчун хонаи қисман зарардида ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати мамлакат моро ду бор бо хӯроку хайма таъмин кард ва ду маротиба ёрипулӣ гирифтем. Масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар барои сохтани бинои 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити муосир ба мо дастрас гардид. Хушбахтона, бо ёрии роҳбарият ва сокинони ноҳия бо роҳи ҳашар хонаамонро мувофиқи лоиҳаи таҳиякардаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия босифат сохта истодаем. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори миннатдорӣ менамоям, зеро чунин ҳодисаҳо дар ҳама ҷойи дунё сар мезананд, вале чунин ғамхориҳое, ки Ҳукумати мамлакт барои мо зоҳир карда истодааст, кам дидаю кам шунидаем.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”