Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои рушди иқтисод барои солҳои 2024-2029 баррасӣ гардиданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории бисёрсола бо БАТР - ҳамчун шарики боэътимоду устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки тавассути ҳамкории босамар имрӯз дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ, лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак имкон дод, ки пешравиҳои назаррас дар самти баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ, рушди бозори пул ва сармоя, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва рушди бахши суғуртаи кишвар ба даст оянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкорӣ бо мақсади таҳкими иқтидори назорати суғуртавӣ, таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рақамикунонии хизматрасониҳои соҳаи суғурта, гузарондани чорабиниҳо оид ба саводнокии аҳолӣ дар ин самт, инчунин, принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, таҳлили хатарҳои иқлимӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва рушди бозори маблағгузории сабз суҳбат намуданд.
Зикр гардид, ки ислоҳоти институтсионалии низоми молиявии сабз барои бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ислоҳоти институтсионалиро оид ба ҷалби маблағгузории сабз ҳадаф қарор додааст.
Муовини директор оид ба стратегияи сиёсати иқтисодии БАТР Либор Кркоска ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел ҷалби лоиҳаҳо ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ, суръат бахшидан ба модернизатсияи иқтисодӣ, ташаккули “иқтисодиёти сабз”, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва рушди низоми молиявиро аз самтҳои муҳими дурнамои ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАҲОИ СОЛОНАИ ГУРӮҲИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД
Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар шаҳри Алҷазоири Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир (19-22-уми майи соли 2025) ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдо (роҳбари ҳайат), Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молия, Фирӯз Шарифзода муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳокимшоҳ Бобозода, раиси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” бо чанд нафар аз роҳбарони ташкилотҳои молиявии байналмилалии минтақа мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ бо президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ ва бонкдориро муҳокима карда, дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим зарурати рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани “технологияҳои сабз”-ро дар соҳаҳои гуногуни иқтисод муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ҷаноби Адиб Яҳё ал-Аама раванди иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026 баррасӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шавад.
Ҷонибҳо уҳдадории худро ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки муколамаи мазкур метавонад имкониятҳоро барои васеъ кардани ҳамкорӣ дар соҳаи маблағгузории тиҷоратӣ ва пешбурди ташаббусҳо, ба монанди барномаи TCCA+, ки ба тавсеаи тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст, фароҳам оварад.
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо ҳайати Фонди рушди Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар он масоили лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва, ҳамзамон, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
Боиси зикр аст, ки нишасти солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи молияи исломӣ шинохта шуда, дар он масъалаҳо вобаста ба рушди бонкдорӣ, молияи исломӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Иштирок дар чунин нишастҳо имкони мубодилаи таҷриба, пешбурди ташаббусҳо ва густариши ҳамкориҳои мутақобиларо дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам меоранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва масъули муайян намудани талабот ва меъёрҳои танзими назорати бонкдории исломӣ бо Гурӯҳи Бонки исломии рушд ҳамкории зич ва мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ГУМРУК. ГУЗОРИШ АЗ ҲАМОИШИ СОҲАВИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Дар доираи ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳри Алмаато гуфтушунидҳои дуҷониба байни ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистонро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва ҷониби Чинро вазир, котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти онҳо ҷонибҳо ба масъалаҳои асосии рӯзнома диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд, аз ҷумла:
- ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо;
- такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкориҳо байни мақомоти гумрук;
- ҷорӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакӣ.
Диққати махсус ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо дода шуд. Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо баҳри бартараф намудани масъалаи мазкур таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумотҳои омори гумрукӣ тавассути таъин намудани шахсони масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукиро зарур донистанд.
Музокироти мазкур дар фазои муколамаи созанда ва эҳтироми мутақобил баргузор гардид ва тарафҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ, ки ба пешбурди тиҷорату таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, тасдиқ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
МЕТРОЛОГИЯ. ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ СОҲАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
– Ин мавзуъ бо дарки муҳимияти ченкунӣ ва таъсиррасонии он ба рушди илму техника ва истеҳсоли маҳсулоти босифат интихоб карда шудааст. Имрӯз соҳае нест, ки дар пешбурди кори он бахшҳои метрологӣ дахолат надошта бошанд. Бешубҳа, метрология ба пешрафти илмию техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбати худро мегузорад. Дар навбати худ, вазифаи асосии метрология низ аз он иборат аст, ки соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва мақомоти давлатиро бо маълумоти дақиқ, ки барои некуаҳволии аҳли ҷомеа зарурат доранд, таъмин намояд. Ҳама самтҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятии соҳаҳои имрӯза, яъне тандурустӣ, энергетика, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технология, дастовардҳои илмию техникӣ, савдо ва ғайраҳоро бе саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст, – изҳор дошт М. Сафарзода.
Сипас, табрикоти директори Бюрои байналмилалии ченаку вазнҳо (BIPM) Мартин Милтон ва президенти Созмони ҳамкориҳои авруосиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET) Лазизбек Саидорипов ба таври видеоӣ манзури иштирокчиён гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
КОНИБОДОМ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ
Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соли равон дар шаҳри Конибодом тасмим гирифтаанд, ки 12 корхонаи хурду бузурги истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар афзун бахшанд.
Тавре Одил Охунзода, муовини раиси шаҳр, дар суҳбат иброз дошт, аллакай, дар семоҳаи аввали соли равон се корхонаи тавлиди маҳсулоти саноатӣ бо таъсиси қариб 50 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард ва то нимсолаи 2025 дар ҷамоатҳои деҳоти Конибодом боз се коргоҳи дигари замонавӣ бо воридоти технологияҳои муосир сохта мешавад.
Чанд рӯз қабл бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин ҷо, дар заминаи собиқ коргоҳи машҳури “Ассор”, корхонаи муосири коркарди пахта бо иқтидори 10 ҳазор тонна ва коркарди чигит бо иқтидори 8 ҳазор тонна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Бино ба иттилои Муродҷон Тӯлқинбоев, муовини директори корхона, дар сурати фаъолияти муътадил корхона зиёда аз 1000 тонна равғани хушсифати рустанӣ истеҳсол карда, бозори дохилӣ ва минтақаро бо маҳсулоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза таъмин менамояд.
– Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар се моҳи соли равон 84 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 4,7 дарсад зиёд аст, – мегӯяд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳр, – вале мо ба хубӣ дарк мекунем, ки имкониятҳои шаҳр ҷиҳати афзунбахшии неруи саноатӣ хеле бузург мебошад ва соҳибкорони конибодомӣ талош доранд, корхонаҳоеро бунёд созанд, ки аз лиҳози сифати маҳсулот рақобатпазир ва дар бозор муштарии доимии худро дошта бошанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
АШТ. СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ АФЗУД
Боғдорони ноҳияи Ашт ҷамъоварии ҳосили нави зардолуро суръат бахшида, содироти онро ба кишварҳои хориҷӣ зиёд карданд. Агар соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз ба кишварҳои хориҷӣ ҳамагӣ зиёда аз 50 тонна ҳосил ирсол карда бошанд, имсол ба 1 ҳазору 410 тонна расонда шуд.
– Баҳори имсола барои боғдорон басо мусоид омада, ҳосил фарован аст, – мегӯяд раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода. – Ҷиҳати ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи зардолу ба боғоти хоҷагиҳо то 5-6 ҳазор нафар занону духтарон аз ҷамоатҳо сафарбар шуда, барояшон шароити хуб муҳайё карда шудааст. Аъзои як оила метавонад аз ҷамъоварии ҳосил рӯзе 2-3 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст оварад.
Иқлими ноҳия имкон медиҳад, ки ба рушди боғдорӣ зиёдтар таваҷҷуҳ шавад. Ҳоло майдони зардолу то ба 20 ҳазор гектар расонда шуда, аз ин наздики 13 ҳазор гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Дар баҳори нав боз 60 гектар боғи нав бунёд ёфта, ҳамзамон, барқарорсозии боғҳои куҳна бо суръат идома дорад.
Рӯзҳои наздик дар баробари вусъатбахшии ҷамъоварии ҳосили зардолу, гелоси машҳури мавзеи Ошоба оғоз меёбад, ки дар минтақа ва хориҷи кишвар харидори зиёд дорад.
– Ба хотири амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд кардани масоҳати боғҳои зардолу, олуболу, шафтолу ва имкониятҳои содиротии сабзавоту меваҷот, инчунин, ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он солҳои наздик дар ноҳия татбиқи чанд лоиҳа дар назар аст, ки боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мешаванд, – мегӯяд Шуҳрат Муҳаммадзода.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”