Давоми моҳи май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23-юми май) чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, варзишӣ ва роҳпаймоиҳо баргузор шуданд. Ноҳияҳои минтақаи Рашт низ Рӯзи ҷавононро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Дар ноҳияи Сангвор ба ин муносибат таҳти унвони “Ҷавонон муҳофизони ватананд” чорабинии тантанавӣ доир гашт.
Раиси ноҳия Ғайратшо Давлатзода иброз дошт: “Рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо ба маърифати баланд ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷавонон вобастагии калон дорад”.
Зикр гардид, ки айни ҳол тибқи Квотаи президентӣ аз ноҳияи Сангвор 90 нафар дар мактабҳои олии кишвар таҳсил менамояд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар ба зиммаи ҷавонони баору номуси миллат вогузор шудааст ва бояд ин сарзамини аҷдодии худро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба қадраш расем.
Сипас, ба ҷавонони фаъол сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
Ҳамоиши идона дар ноҳияи Лахш зери унвони “Ҷавонон – қувваи асосии ҷомеа” гузаронда шуд.
Раиси ноҳия Каромиддин Холзода зимни суханронӣ иброз дошт: “Ҳар кишваре, ки барои шукуфоии худ талош мекунад, бе сармоягузорӣ ба ҷавонон ба дастовардҳои устувор ноил шуда наметавонад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Ҷавонон қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошанд. Вазифаи ҳар як фарди ҷавон ин аст, ки донишу малакаи худро барои ояндаи равшани кишвар равона созад". Ин суханони Роҳбари давлат шаҳодати онанд, ки Тоҷикистон ба тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад”.
Бо мақсади болидаруҳии ҷавонон барномаи театрии бахши фарҳанг пешниҳод карда шуд.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Рашт низ бо иштироки 3500 нафар ҳамоиши идона баргузор гардид.
Раиси ноҳия Зарина Идизода аз саҳми арзишманди ҷавонон дар пешрафти диёр ҳарф зада, чунин иброз намуд: “Ба инкишофи маънавиёту тарбияи ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса додан тақозои замон аст, зеро танҳо руҳи солим ва ҷисми солим метавонад кишвари соҳибистиқлоли моро ба роҳи созандагӣ пеш барад ва аз ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа эмин дорад. Аз ин рӯ, аз ҳар як ҷавони худогоҳи ватандӯсту ватанпараст даъват менамоям, ки неъматҳои бузурги замони истиқлол, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред”.
Дар анҷом ба як қатор ҷавонони фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия супорида шуда, барномаи консертӣ манзур гардид.
Ҳамоиши идона дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳпаймоӣ оғоз ёфта, дар он Қадриддин Фақерзода, раиси ноҳия, масъулони корхонаву идораҳо ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.
Раиси ноҳия дар ифтитоҳи чорабинии тантанавӣ ҷавононро ба хотири ин санаи муҳим шодбош гуфта, зикр кард: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол, аз наслҳои пешина бо савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки боиси ифтихори мо – насли калонсол мебошад”.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки пешравии давлату миллат ва ояндаи ободи кишвар дар дасти ҷавонони бонангу номуси Ватан аст. Умед аст, ки ҳар ҷавон дар ободии диёр саҳми арзандаи хешро мегузорад.
22-юми май дар толори маҷлиси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод низ таҳти унвони “Ҷавонон – қувваи созандаи миллат” чорабинӣ доир гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Зафар Ҳисориён суханронӣ намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд ва нақши созандаи насли ҷавонро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъкид намуд.
Зикр шуд, ки бо талошу ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолона кор карда, ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Сипас, ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супурда шуд.
Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”