Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ободониву созандагӣ ва сарсабзгардониву покизагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои сабзазоркунию созандагӣ вусъати тоза касб кардаанд. Дар ин росто, чандин гектар заминҳои бекорхобидаи ин минтақаи камзамин шодоб шуда, боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд.
Ба гунаи мисол, ҳар ҳафта дар ноҳияи Шуғнон, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини вилоят ба ҳисоб меравад, бо истифода аз шароити мусоиди боду ҳаво бо баргузории ҳашари дастаҷамъона боғҳои нав бунёд мегарданд. Ҳафтаи пеш бо иштироки раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар деҳаи Шитами деҳоти Вери ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони 12 гектар баргузор гардид. Дар боғи навбунёд зиёда аз 15 ҳазор дарахти мевадиҳанда шинонда шуд. Ҳафтаи аз ин пештар бо чунин усул дар деҳаи Пашори деҳоти Поршинев дар майдони 2 гектар зиёда аз 600 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла 70 бех ниҳоли чормағзи ҳамилӣ, шинонданд.
Қаблан низ зимни як ҳашари умумӣ дар ин боғи навбунёд зиёда аз се ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд. Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Шуғнон дар чанд соли охир ба бунёди боғу ҷангалзорҳои нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна диққати ҷиддӣ медиҳанд. Давоми ду соли охир дар ноҳия дар масоҳати 35 гектар боғи нав бунёд гардид.
Дар суҳбат бо сокинони ноҳияи Шуғнон раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ баробари пешравиҳо дар дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ барои рушди соҳаи боғдорӣ низ имконоти мусоид фароҳам омад. Бо истифода аз шароити мусоид, ки Ҳукумати кишвар фароҳам овардааст, соли равон дар ҳудуди вилоят беш аз 200 га боғи нав бунёд гардид. Вилоят дар самти таъмини сокинон бо меваи хуштаъми маҳаллӣ ва содироти он ба дигар манотиқи кишвар имконияти васеъ дорад, зеро шароити Кӯҳистони Бадахшон, махсусан ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшону Шуғнон, барои парвариши чормағзи ҳамилӣ, себи кребсони сурху зард ва сиёҳчатоб, зардолуи қандак ва намудҳои гуногуни ноку зардолу хеле мусоид мебошад. Аз ин рӯ, кӯшиш менамоем, ки майдони боғи ин навъи меваҷотро дар ҳудуди вилоят сол ба сол васеъ намоем.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”