Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ҶАВОНОН

Ҷавонон неруи фаъол, созанда ва пур аз ғояҳои нав мебошанд, ки бо дониши муосир ва тафаккури пешқадам қодиранд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оваранд. Дар замони истиқлоли давлатӣ ҷавонон масъулияти бузургеро барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанг ва таъмини амнияти миллӣ бар дӯш доранд.
Яке аз нақшҳои калидии ҷавонон иштироки фаъолона дар рушди иқтисодиёти кишвар мебошад. Бо аз худ кардани илму техникаи муосир, эҷодкорӣ ва навоварӣ метавонанд дар таъсиси корхонаҳои нав, рушди соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт саҳми арзанда гузоранд.
Таъмини амнияти миллӣ яке аз самтҳои муҳимест, ки ба ҷавонон вобаста аст. Ҳимояи марзу бум, таъмини сулҳу субот ва манфиатҳои миллии кишвар аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки бояд дар қалби ҳар як ҷавон ҷой дошта бошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва экстремизм, тарғиби сулҳ ва ҳамзистии осоишта дар таҳкими амнияти миллӣ ва пойдории истиқлол нақши муҳим мебозанд. Илова бар ин, ҷавонон бояд дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона иштирок намоянд. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро ҳамчун шаҳрванд донанд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳм гузоранд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ нишондиҳандаи рушди ҷомеаи демократӣ ва кафолати пойдории истиқлолият аст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ, ҷавонон бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир ба таври самаранок истифода баранд.
Дастгирии иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, таъсиси марказҳои рушди касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои татбиқи лоиҳаҳои ҷавонон аз камтарин иқдомҳое ҳастанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои насли ояндасози кишвар татбиқ мекунад.
Хулоса, ҷавонон неруи бузург ва потенсиали беназири кишвар мебошанд. Нақши онҳо дар таҳкими истиқлоли давлатӣ муҳим аст. Бо эътимод ба неруи ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо, метавонем ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намоем.
Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ, устоди ДМТ