Аҳли заҳмати шаҳри Левакант нақшаи семоҳаи аввали соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм гузоштанд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Сарбанд, зикр кард, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 71 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 23 иншоот бо арзиши 298 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Корхонаи парандапарварии «Мурғи хушзот» ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар фермаи мурғпарварии “БИК-6”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оғоз гардида, аллакай, зиёда аз 280 ҳазор сомонӣ аз худ шудааст. Дар деҳаи Баҳодурободи деҳоти Гулистон соҳибкор Сайидмурод Давлатов дар майдони 10 гектар гармхона месозад. Лоиҳаи ӯ 30 миллион сомониро дар бар мегирад.
Боиси хушнудист, ки навсозии Корхонаи истеҳ-соли нуриҳои маъдании ҶСК “Азот” 92 дарсад иҷро шуда, рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неругоҳи барқи обии "Сарбанд" таҷдид шуд ва аз ин ҳисоб тавлиди неруи барқ афзуд. Сохтмони биноҳои маъмурии раёсати молияи шаҳр, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Левакант идома дошта, меҳмонхонаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва лоиҳаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” иҷро шудааст.
Таҷдиди боғи фарҳангию фароғатии шаҳр аз тарафи ҶСП “Рушди Хатлон” 30 дарсад ва боғи "Ғалаба" аз тарафи соҳибкор Ҷумъахон Неъматов 40 дарсад ба сомон расид.
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳраку деҳоти шаҳр таъмири ҷорӣ ва куллии роҳҳо, лӯлаҳо гузаронда шуда, корҳои дигар идома доранд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант тасдиқ гардида, ба барномаи мазкур 77 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 665,4 миллион сомонӣ ворид гардид. Лоиҳаҳо ба бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инфрасохтор, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодаро дар бар мегиранд, – иброз дошт Бунафша Файзиддинзода.
Семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои барзгарон низ, бобарор буд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли 17,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар майдони 1067 гектар кишти зироатҳо анҷом ёфт, ки нисбат ба соли гузашта 57 фоиз зиёд мебошад.
Рустаниҳои ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, пунба, картошка, сабзавот, полизӣ ва хӯроки чорво хуб нашъунамо дошта, аз ҳосили фаровон дарак медиҳанд.
Саршумори чорво, аз ҷумла модагов, гӯсфанду буз, паранда ва асп ба 7575 сар расонда шудааст.
– Мо минбаъд низ, баҳри ободии Ватани азизамон аз дилу ҷон заҳмат кашида, дар ҷодаи расидан ба ин мақсади олӣ аз ҳидояту дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода мебарем, – гуфт Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”