Баргашт Чоп кардан

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО БА ҲАМ МЕОРАД

Охири моҳи май Душанбе мизбони боз як чорабинии муҳим – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад. Ба ин муносибат номи Тоҷикистон бо Роҳбари ташаббускораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аллакай, дар сархати расонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Интизор меравад дар ҳамоиши байналмилалӣ муколамаҳои созанда баҳри ҳалли мушкили ҷойдошта ба вуҷуд оянд.
Дар рӯзи расман эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо сомонаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба обшавии пиряхҳову таҳдиди ин раванд ба ҳаёти миллиардҳо сокини сайёра мавод нашр карда, изҳори умед намуд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон огоҳии ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи нақши ҳаётан муҳими ин неъмати табиат боло мебарад.
Тавре дар сомона омадааст, пиряхҳо нишондиҳандаи тағйирёбии иқлим буда, бинобар боло рафтани ҳарорати ҳаво дар саросари ҷаҳон об мешаванд, ки ин раванд аз миёнаҳои асри XIX (охири давраи яхбандии хурд) ба назар мерасад. Ҳарчанд дар давраҳои гуногун зиёдшавии массаи пиряхҳо мушоҳида мешуд, аммо вақтҳои охир бо сабаби гармшавии сайёра (як омилаш зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ), обшавии онҳо суръат гирифт. Болоравии ҳарорати ҳаво намегузорад, ки миқдори зарурии барф ҷамъ шавад. Кам шудани пиряхҳо ва тағйир ёфтани қабати барф боиси камшавии захираи оби тоза мегардад, ки рақобатро барои захираҳои об, бахусус дар минтақаҳои камоб, зиёд мекунад. Аммо ин охири кор нест. Бо зикри хатари обшавии пиряхҳо, ки сабаби обхезӣ, фаромадани ярч ва эрозияи хок мегарданд, аҳамияти ташаббуси пешгирифтаи Тоҷикистон шарҳ дода мешавад, ки яке аз кишварҳои осебпазир дар ин ҷараён аст. Зеро сарчашмаи асосии оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбаду пиряхҳо бо суръати баланд об шуда истодаанд.
“China Water Risk” менависад, ки Конфронси мазкур ҳамчун платформа барои пешбурди талошҳои глобалӣ ҷиҳати мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва ҳалли масъалаи обшавии пиряхҳо хидмат хоҳад кард. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани огоҳӣ, табодули дониш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба коҳиш додани таъсири манфии обшавии пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ ва устувории ҷомеа равона мегардад.
Сомонаи расмии ЮНЕСКО, дар радифи ёд овардан аз масъалаҳои баррасишавандаи ҳамоиш, муҳим будани масъалаи мазкурро махсус зикр менамояд: мувофиқи маълумот, аз се як ҳиссаи яхи кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон кам шудааст ва ин барои дастрасии миллиардҳо нафар ба оби ошомиданию полизӣ ва истеҳсоли энергия таъсиррасон аст. Дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукушу Ҳимолой то соли 2100 аз се ду ҳиссаи пиряхҳо нест мешаванд. Тоҷикистон низ дар садсолаи минбаъда то 30 дарсади массаи худро аз даст додани пиряхҳояш хабар медиҳад.
Ғайр аз ин, сар карда аз аввали моҳ дар соири кишварҳои олам бахшида ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд баргузор шуда истодаанд, ки ин ҳам аз бисёр мубрам будани масъалаи мазкур дар миқёси ҷаҳон дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки омодагиҳо ба ин чорабинии сатҳи баланд дар мамлакат идома доранду Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоӣ”, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, иштирокдоронро ба Душанбе даъват карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими он низ нақши муҳим мебозанд.
Ҳамин тариқ, имрӯз дар ҳар гӯшаи олам, ки сухан аз обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо равад, номи Тоҷикистон низ ҳамрадиф бо онҳо садо медиҳад ва номи Роҳбари давлат чун ғамхори аҳли башар ёд мешавад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”