Баргашт Чоп кардан

ҲАФТКӮЛ – 7 АЛМОСИ ЗАРАФШОН

Силсилаи кӯлҳои Ҳафткӯл, ки дар шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, аз ҷумлаи ёдгориҳои табиии нодир ба шумор рафта, мисли ҳафт алмоспора дар дили кӯҳ диққати дӯстдорони тафреҳу сайругашт, муштоқони ҳавои тозаву оби мусаффоро, чи аз дохил ва чи аз хориҷи кишвар, ба худ ҷалб менамояд. Ин силсилаи кӯлҳо бо оби софу ҳавои беғубор, табиати камназиру манзараҳои нотакрор ва ривоятҳои рангину ҷозибадори худ шуҳрат ёфтаанд. Солҳои охир шаҳрвандон ва ширкатҳои сайёҳӣ барои ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО ворид шудани ин мавзеъ пешниҳод карда истодаанд, то ки ҳифзу истифодаи оқилонаи он тақвият ёфта, барои рушди соҳаи гардишгарӣ шароиту имконоти беш аз пеш мусоид фароҳам оварда шавад.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ин кӯлҳо дар қаторкӯҳи Зарафшон (самти ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакент), дар баландии аз 1598 то 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар бораи пайдоиши онҳо, ки Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма ном доранд, дар байни мардум ривоятҳое мавҷуд аст, ки моломол аз афсонаву тахайюлоти рангинанд. Заминшиносон бо такя ба далоили илмӣ ва амалӣ бар ин назаранд, ки Ҳафткӯл дар натиҷаи заминҷунбии сахт ба вуҷуд омадааст.
Ҳафткӯл чун ёдгории камназири табиӣ ва муъҷизаи гидрологӣ дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти хосро касб намудааст. Солҳои ахир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мавзеъ зиёд шуда, аксари сайёҳон ва муҳаққиқони соҳаи экотуризм онро ҳамчун як макони афсонавӣ ва нодир арзёбӣ мекунанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар кишвари маҳбубамон якчанд мавзеъҳои дигари дорои аҳамияти ҷаҳонӣ бо эҳтимому талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид шуда, чанде дигар барои шомил гардидан пешниҳод гаштаанд:
Боғи миллии Тоҷикистон. Боғи табиии кишвар аст, ки фарогири қисме аз кӯҳҳои Боми ҷаҳон буда, соли 2013 ба рӯйхати мероси башарии ЮНЕСКО ворид гардид.
Шаҳраки бостонии Саразм. Яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ буда, соли 2010 ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуд.
Манотиқи дорои аҳамияти хоси Тоҷикистон. Ин минтақаҳо, мисли Бешаи Палангон, мамнуъгоҳи Даштиҷум, Кӯҳи Сабз, мамнуъгоҳи Зоркӯл дорои табиати камназир ва аҳамияти экологӣ шинохта шуда, ҳамчун мавзеъҳои эҳтимолӣ барои воридшавӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
ЗАРУРАТИ ВОРИД КАРДАНИ ҲАФТКӮЛ БА РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
1. Ҳифзи табиат. Ба рӯйхати ЮНЕСКО шомил шудани ин кӯлҳо кафили аз таъсирҳои манфии инсонӣ ҳифз гаштани муҳити зисти мавзеъ ба ҳисоб меравад.
2. Рушди сайёҳӣ. Ин иқдом метавонад боиси дар ҷаҳон бештар маъруф шудани Ҳафткӯл ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон гардад.
3. Таҳқиқоти илмӣ. Ҳафткӯл барои тадқиқоти экологӣ, геологӣ ва гидрологӣ манбаи муҳим ба шумор рафта, ворид шудани он ба рӯйхати ЮНЕСКО метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ мусоидат кунад.
4. Ҳифзу муаррифии фарҳанги бумӣ. Бо ин иқдом ҳифз ва омӯзиши маконҳои таърихӣ ва анъанаҳои маҳаллии дараи Ҳафткӯл тақвият ёфта, доираи муаррифии онҳо вусъат пайдо хоҳад кард.
Бешубҳа, Ҳафткӯл яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон аст, ки шоистаи ҳифз ва муаррифӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ба рӯйхати ЮНЕСКО шомил гаштани ин ёдгории нодир дар баробари ҳимоят аз манфиатҳои экологӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар маҷмуъ, иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент