Баргашт Чоп кардан

ВАССОФИ ВАТАН. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ГӮРҒУЛИСАРОИ НОМВАР ҚУРБОНАЛӢ РАҶАБ

Баъди он ки бо доираи адибони тоҷик пайвастем, зуд-зуд ба бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мерафтем. Он ҷо пирамардеро бо риши мошубиринҷ ва тоқии тоҷикӣ медидем. Ё аз назди сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” мебаромад, ё аз дафтари кории ин, ё он адиб. Дар дасташ як даста варақҳо ё китоб. Баъдтар шеърҳояшро дар матбуот ҳам хондем. Аммо ҳеч гумон намекардем, ки ин пирамарди нуронӣ шоир ва гӯрғулисаро Қурбоналӣ Раҷаб асту иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
АЗ ПАРВОР ТО МУБОРИЗАИ ЗИДДИ ФАШИСТОНИ ХУНХОР
Вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, Қурбоналӣ 16 сол дошт. Ҳама гумон мекард, ки ин ҷанг моҳе ё зиёдтар аз он идома меёбад, вале кас намедонист, ки ин ҷанги хонумонсӯз чор сол идома меёбаду бачаҳои 15-16-соларо ҳам ба майдони набард мебаранд. Соли дувуми ҷанг Қурбоналӣ Раҷаби ҳабдаҳсоларо аз деҳаи Парвори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба майдони шадиди муҳориба даъват намуданд ва ӯ солҳои 1942-1944 дар набардҳои ҶБВ ширкат варзид. Баъди захмӣ шудан, ба зодгоҳаш баргашт. Аз соли 1956 ба шеъргӯӣ пардохта, аввалин намунаҳои эҷодаш дар матбуот чоп шуданд. Солҳои 1962-1963 дар асоси ривояти ӯ ду ҷилди ҳамосаи мардумии «Гӯруғлӣ» сабту чоп шудааст. Дар сабки эҷодиёти шифоҳии мардум шеър мегӯяд. Бештар аз даҳ китоб нашр намудааст.
ШОИРӢ АЗ МОДАРАШ МЕРОС БУД
Дар ҳақиқат ҳам, шеъру шоирӣ мероси модарон аст. Шоирон маҳз аз забони модарӣ калом омӯхта, шайдои адабиёт мешаванд, зеро сарчашмаи адабиёт бо ҳама шукӯҳ забони модарист. Қурбоналӣ Раҷаб ҳам аввалин сабақҳои гӯрғулихонию шеъргӯиро аз модараш Ҷонона, ки гӯяндаи машҳур буда, завқи шоирӣ низ дошт, гирифт.
Ҳамзамон, аз гӯяндаҳои машҳур Бобоюнус Худойдодзода, Санг Мурод, Шарифи Шех, Ҳақназар Кабуд таълим гирифта, ҳамчун гӯрғулихон шуҳрат ёфт.
Номбурда ҳамчун шоири халқӣ низ номбар буд. Нахустин шеъраш «Аз таърихи Кӯлоб» соли 1956 чоп шудааст. Достони «Шӯриши Восеъ» ва як силсила шеърҳояш дар маҷмуаи «Шоирони халқӣ» (1970) дарҷ гардидаанд. Муаллифи маҷмуаҳои «Таронаи дил» (1976), «Суруди замин» (1982) ва «Шаршара» (1986) мебошад. Ашъори ҳаҷвӣ низ дорад. Асарҳои мавсуф бо забони содаву равони халқӣ эҷод шуда, аз зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои халқӣ саршоранд. Ба чанд шеъри ӯ оҳангсозону сарояндагони тоҷик оҳанг бастаанд.
Бино ба навиштаи Низом Қосим, фарзандони баҳодури тоҷик ба мисли Қурбоналӣ Раҷаб зидди истилогарони фашистӣ размида, бо пирӯзӣ назди ҳамдиёрон омаданд ва ҳам он замону ҳам баъдан дар васфи халқу Ватан, озодиву истиқлол, дӯстиву ваҳдати халқҳои советӣ, қарзи фарзандӣ ва қаҳрамонони он муборизаи воқеан, умумихалқӣ асарҳое эҷод карданд, ки ба ҳукми сарбозони маънавии шикастнопазир дар наздик намудани ғалабаи бузург ва тарғиби барҷои он саҳми бузург гузоштанд”
Ҳоло мо ин марди бузургро, ки оромгоҳаш Тамошотеппаи Кӯлоб аст, на танҳо чун гӯрғулисаро, балки чун сарбози сарсупурдаи Меҳан ёд мекунем!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”