Муштзанони тоҷик дар Чемпионати Осиё 16 медал гирифтанд
11-23-юми май дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои аз 18 то 22-сола доир гашт, ки варзишгарони мо ба гирифтани 16 медал – 3 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ мушарраф шуданд.
Дар Чемпионат 232 варзишгар аз 23 кишвар иштирок кард.
Медалҳои тиллоро Алишерихудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг) миёни ҷавонони то 18-сола ва Анӯшервон Фозилов (54 кг) миёни ҷавонони то 22-сола соҳиб шуданд.
Миёни муштзанҳои то 18-сола Билоҷон Иксанов (54 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг) ва то 22-сола Ҳангома Исоева (60 кг), Меъроҷ Суфиҷонов (51 кг), Дамир Мӯйбалихонов (60 кг) медали нуқра гирифтанд.
Медалҳои биринҷиро миёни ҷавонони то 18-сола Фариноз Абдуллоева (54 кг), Мино Аъзамзода (60 кг), Муҳаррамхон Тошхӯҷаева (70 кг) ва миёни муштзанҳои то 22-сола Фариза Ёқубова (52 кг), Дилноза Нуримова (63 кг), Мӯинхуҷа Муминов (48 кг), Руслан Ғафуров (63, 5 кг), Муродҷон Ашӯралиев (71 кг) ба даст оварданд.
Ҳамчунин, варзишгари мо Абубакр Ғафуров беҳтарин муштзани Осиё миёни ҷавонон эътироф гардид.
Усмонов – камарбанди WBA Gold-ро соҳиб шуд
23-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, мусобиқаи бокси касбӣ доир гардид.
Дар муҳорибаи асосии иборат аз 10 раунд, баҳри дарёфти камарбанди “WBA Gold” дар вазни сабук, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё, дорандаи камарбанди “IBA.PRO Осиё” Баҳодур Усмонов (10-0, КО 4) аз Тоҷикистон бар Алберт Пагара (35-2, КО 24) аз Филиппин бо нокаути техникӣ дар раунди 3-юм ғалаба кард.
Барои ин пирӯзӣ президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв ба Баҳодур автомашинаи тамғаи BMW-6 тақдим кард.
Дар рақобатҳои дигар ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024, ғолиби Бозиҳои Осиё Давлат Болтаев (5-0, 2КО) барои дарёфти камарбанди IBA.Pro бар чемпиони Африқо Мвого Амугу аз Камерун, чемпиони Осиё Акмал Убайдови тоҷик (6-0, 5КО) бар Ержан Залилов (13-5-2, 7 КО) аз Қазоқистон, Евгений Коол (Россия) дар аввалин зӯрозмоияш дар бокси касбӣ бар Фариозбек Ҳакимов (3-3, КО 3) аз Ӯзбекистон, Максим Черничук (9-0-1, КО 1) аз Россия бар Майкл Кинг (6-3-1, КО 4, IBA.PRO 1-0) аз Люксембург, Халидов (11-0, 5КО ) аз Русия бар Ҳалимҷон Мамасолиев (2-0, КО 2) аз Ӯзбекистон дастболо гардиданд.
ҶУДО
6 медали паҳлавонони ҷавон дар Ҷоми кушоди Осиё
Аз 22 то 25-уми май дар шаҳри Тошкент Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор шуд, ки дар он 835 варзишгар аз 10 кишвар ширкат дошт.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба ин мусобиқа 52 нафар наврас ва 48 ҷавонро фиристод, ки 6 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Медалҳои тиллоро Мадина Қурбонзода (-52 кг) миёни наврасон ва Виктория Кисилёва (+78 кг) миёни ҷавонон сазовор гаштанд. Мадина Қурбонзода, инчунин, миёни ҷавонон сазовори медали нуқра гашт. Медали дигари нуқраро Бобоҷон Шаропов (-73 кг) миёни наврасон ба даст овард. Абубакр Худоиев (-55 кг) миёни наврасон ва Бенёмин Назиров (-73 кг) миёни ҷавонон ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Ноиби аввали раиси Федератсияи ҷудои кишвар Эргаш Маҳмадбеков гуфт: “Ин мусобиқот марҳалаи муҳимтарин дар рушди касбии ҷавонон ба шумор меравад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз ин мусобиқот барои омода кардани паҳлавонони оянда ва таҳкими рақобатпазирии дохилӣ ҳадафмандона истифода мекунад. Махсусан, мо аз муваффақияти таърихии духтаронамон фахр мекунем”.
ФУТБОЛ
Суперҷом насиби “Истиқлол” шуд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни чемпиони Тоҷикистон дар соли 2024 – “Истиқлол” ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – “Регар-ТадАЗ” 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор мешавад ва дастаи “Истиқлол” 13-ум маротиба аст, ки ғолиб мегардад. Ду маротиба “Равшан”, як маротиба “Ҳосилот” Суперҷомро ба даст овардаанд.
ЛИГАИ ОЛӢ
Аввалин бохти “Истиқлол”
Дар бозии марказии даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар аз “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ин аввалин бохти душанбегиҳо дар мавсим мебошад.
Дар бозиҳои дигари давр “Истаравшан” бар “Барқчӣ” (2:0), КМВА бар “Эсхата” (2:0), “Хуҷанд” бар “Панҷшер” (3:0), “Регар-ТадАЗ” бар “Ҳосилот” (1:0) пирӯз гашта, бозӣ миёни дастаҳои “Вахш” – “Ҳулбук” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол”, новобаста аз бохт, бо 21 хол пешсаф аст. “Вахш”, ки як хол камтар дорад, дар ҷойи дуюм, “Равшан” бо 19 хол дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.
Даври охири марҳалаи аввали Чемпионати футболи кишвар миёни дастаҳои Лигаи олӣ 21-28-уми май ба нақша гирифта шудааст, ки “Барқчӣ” бо “Эсхата” (21-уми май), “Ҳулбук” бо “Ҳосилот”, КМВА бо “Хуҷанд” (23-юми май), “Вахш” бо “Равшан” (24-уми май), “Панҷшер” бо “РегарТадАЗ” (30-юми май) ба нақша гирифта шудааст. Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Истаравшан” ба вақти дигар гузаронда шуд.
ФУТЗАЛ
“Соро компания” бори панҷум чемпиони Тоҷикистон шуд
Дастаи «Соро компания»-и Душанбе дар се бозии ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе пирӯз шуда, ба гирифтани унвони чемпионӣ даст ёфт. Аз ин пеш “Соро компания” солҳои 2018, 2019, 2021 ва 2022 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.
Силсилабозиҳои финал то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома кард. Ду бозии аввал 12-13-уми май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз доир гардида, ҳар ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 ва 5:2 ба фоидаи “Соро компания” ба охир расид.
Бозии сеюми силсилабозиҳои ниҳоӣ миёни ин ду даста шоми 20-уми май дар “Кохи Олимп”-и Душанбе доир гардид. Ин навбат низ “Соро компания” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Амонатбонк”-и Душанбе барои ба даст овардани нишонҳои биринҷӣ рақобат карданд. Силсилабозиҳои ин давр то ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат буд. Бозии аввал дар Душанбе бо ҳисоби 4:2, бозии дуюм дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 5:4 бар суди “Сипар” анҷом ёфт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”