Баргашт Чоп кардан

25 МАЙ. ҶАШНИ ҶАҲОНИИ РӮЗИ ФУТБОЛ БО ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН

Футбол дар ҷаҳон варзиши рақами як эътироф шудааст ва шумораи ҳаводоронаш сол ба сол меафзояд. Маҳз дар мусобиқоти футбол дар варзишгоҳҳо шумораи зиёди мухлисон гирд меоянд: аз 10 то 70-80 ҳазор нафар. Бошукӯҳтарин, зеботарин ва пурғунҷоиштарин варзишгоҳҳои ҷаҳон майдонҳои бозии футболанд. Масалан, калонтарин майдони футбол дар шаҳри Пхеняни Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея бунёд шудааст, ки бо манзалату оростагиаш ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад ва 114000 мухлисро дар худ ҷой медиҳад. Дар мақоми дуюму сеюм варзишгоҳҳои футболи Мелбурни Австралия (100000 ҷойи нишаст) ва Камп-Ноуи Испания (99300 ҷой) мавқеъ доранд.

Ҷаҳони футбол хеле ҷолибу рангин аст ва ин намуди маъруфи варзишро сарнавишти пурҳаводисе насиб гашта. Пайдоишаш аз аҳди бостон (давраи то солшумории мо) ибтидо мегирад. Нахустин бозиҳои монанд ба футбол дар мамолики Чин ва Юнони Қадим арзи ҳастӣ кардаанд. Баъдтар дар Англия, Фаронса ва Италия ба футбол таваҷҷуҳ карда шуд. Дар марҳалаҳои аввал қоидаҳои асосноку мукаммал, шарту шароити созгори бозии мазкур вуҷуд надошт. Футбол бо тарзу тариқу қоидаҳое, ки имрӯз дорад, танҳо дар асри XIX маъмул гашт. Аввалин қоидаҳои маъмули футбол соли 1848 дар Донишгоҳи Кембриҷи Англия таҳия шуд. Ин қоидаҳо ҳаҷми майдон, шумораи бозигарон ва тарзи идораи тӯбро муайян кард.

Дастаҳои нахустини футбол низ расман дар Англия ташкил гардиданд. Соли 1872 нахустин бозии байналмилалии футбол байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Шотландия баргузор шуд ва бо ҳисоби 0:0 анҷом пазируфт. Ин дар таърихи футбол ҳодисаи бузург гашт ва эътирофи ҳамагонию оммавияти онро суръат бахшид. Охири асри XIX ва аввали асри XX футбол дар Аврупою Амрикои Ҷанубӣ маъруф гашт. Махсусан, дар Бразилия, Уругвай ва Аргентина ин бозӣ ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Соли 1904 бо ҳадафи танзими бозиҳо ва назорат ба онҳо Федератсияи байналмилалии футбол – FIFA созмон дода шуд, ки имрӯз он яке аз бонуфузтарин ва бузургтарин созмонҳои варзишии дунёст. Соли 1908 бошад, футбол ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид. Соли 1930 дар Уругвай аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Уругвай нахустин чемпиони ҷаҳон гашт. Бо гузашти солҳо бозии футбол беш аз пеш маъруф шуду таваҷҷуҳи миллионҳо нафарро дар ҳамаи минтақаҳои олам ҷалб намуд.

Дар Тоҷикистон ташаккули футбол ба нимаи аввали солҳои 20-уми асри XX рост меояд. Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 1936 таъсис ёфт ва пас аз як сол (1937) нахустин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гашт. Дастаи футболи “Помир”-и Душанбе чандин сол дар ҳайати лигаи якум ва лигаи олии Иттиҳоди Шуравӣ бозӣ карда, ба комёбиҳо даст ёфт. Бозигарони ин даста Сергей Кикулин, Эдгар Гесс, Олег Ширинбеков, Андрей Чередник, Сергей Мандреко дар солҳои 70-80-уми асри гузашта узви дастаи мунтахаби ИҶШС буданд.

Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон марҳалаи нави рушди футболи миллии тоҷик оғоз ёфт. Дастаи миллии ҷумҳурӣ оид ба футбол созмон дода шуд. Чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиши миллӣ, аз ҷумла ба вусъату эътирофу мавқеи бесобиқа пайдо кардани футбол дар кишвар мусоидат кард. Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат майдонҳои муҷаҳҳази футбол бунёд гардиданд, ки наврасону ҷавонони зиёд машқу тамрин менамоянд. Чемпионати Тоҷикистон ҳар сол бо иштироки беш аз 10 даста дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Шуҳрати футболи тоҷик сол ба сол меафзояд ва ҳоло чанде аз дастпарварони мактаби футболи кишвар дар давлатҳои хориҷӣ, дар ҳайати дастаҳои маъруф бозӣ мекунанд. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ҳоло яке аз дастаҳои неруманди қораи Осиё дониста мешавад. Дар Ҷоми Осиё-2023 дастаи мо дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ карда, ба марҳалаи чорякфиналӣ роҳ ёфт, ки ин дар таърихи футболи ҷумҳурӣ яке аз руйдодҳои фараҳбахш мебошад.

Барои ҳарчи бештар оммавият пайдо кардани футбол дар кишвар ва пайваста такмил ёфтани маҳорати футболбозон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшишу ғайрати зиёд ба харҷ медиҳад. Ифтихори ҳамаи мо – тоҷикон аст, ки Рустами Эмомалӣ раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Федератсияи футболи кишвар кӯшиш бар он дорад, ки дар ҷумҳурӣ футбол давра ба давра рушд ёбад ва ҳарчи бештар оммавӣ шавад.

Дар шумори азму талош ва ташаббусҳои зиёди пурсамараш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ибтикори байналмилалӣ даст зада, саҳифаи наверо дар таърихи футболи ҷаҳон боз кард. Моҳи феврали соли 2024 ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад. Ин санаи муқаррарнамудаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ махсус баргузида шуда, заминаи воқеӣ дорад ва аз огоҳии комили ӯ дарак медиҳад: 25-уми майи соли 1924 дар доираи Бозиҳои олимпии Париж мусобиқаи футбол бо иштироки дастаҳои ҳамаи қораҳо оғоз ёфт, яъне рӯзи ҷаҳонӣ шудани футбол аст. Созмони Милали Муттаҳид ин пешниҳодро пазируфт ва бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Инак, 25-уми майи соли равон Рӯзи ҷаҳонии футбол дар тамоми кишварҳои дунё бошукӯҳ таҷлил гардид. Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футболро мухлисону дӯстдорони футбол ва кулли сокинони мамлакат бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар ин Паём, аз ҷумла омадааст: “Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карда, дар тадбирҳои тантанавӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзид, ки бозгӯи нақши барҷастаи кишвари мо дар пешбурди дипломатияи варзишӣ мебошад.

Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо иштироки доираи васеи мардум таҷлил гардид. Ба ин муносибат, дар ҷумҳурӣ аз 19-ум то 25-уми май ҳафтаи футбол эълон карда шуд ва чорабиниҳои гуногун доир гаштанд. Чорабинии асосӣ 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки дар он ҳудуди 20 ҳазор нафар дӯстдорону мухлисон ва ҳаводорони ин намуди маъруфи варзиш ҳузур доштанд.

Таҷлили бошукӯҳу бовусъати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон бори дигар мавқеи шоистаи ин намуди варзишро дар кишварамон собит сохт ва нақши ҷумҳурии моро дар рушди футболи ҷаҳонӣ таъйид кард.

Шодӣ САФАРОВ,

президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон