Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дастаи мунтахаби кишварро ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон эълон кард.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо аз 13 то 20-уми июн дар шаҳри Будапешт (Венгрия) доир мегардад. Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои иштирок дар мусобиқаи муҳимтарини сол то имрӯз 523 варзишгар аз 89 давлат номнавис шудааст. Тоҷикистонро 9 нафар миёни мардҳо намояндагӣ мекунад: Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).
Мунтахаби ҷудои кишвар ҷиҳати омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба ҷамъомади машқию таълимӣ фаро гирифта шуд.
Ёдрас мекунем, ки паҳлавонони кишвар дар чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо 2 медал ба даст овардаанд. Соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил Расул Боқиев (-73 кг) ва соли 2024 дар Абу-Дабии АМА Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шудаанд.
ФУТБОЛ
Пирӯзии тими наврасони кишвар бар дастаи Туркманистон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии аввалаш дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошкент ҷараён дорад, бар дастаи наврасони Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Парвиз Сангинов аз ҳайати тими миллии наврасони кишвар муаллифи дубл шуд. Як тӯби дигарро Муҳаммадҷон Мираҳмадов вориди дарвозаи тими ҳариф намуд. Як голи дигарро футболбозони туркман ба дарвозаи худ заданд.
Дар даври ниҳоии марҳалаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «В» мунтахаби наврасони Тоҷикистон 28-уми май бо дастаи Афғонистон вомехӯрад.
Ба гурӯҳи “А” дастаҳои наврасони Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шомиланд. Тибқи низомнома, бо натиҷагирӣ аз марҳалаи гурӯҳӣ, ғолибон дар финал, дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Ҳамчунин, бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум низ баргузор мешавад.
ФФТ ҳайати тими миллиро бар зидди Камбоҷа ва Филиппин эълон кард
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаи мунтахабро барои бозӣ бо Камбоҷа (5-уми июн) ва Филиппин (10-уми июн) эълон кард.
Ба иттилои ФФТ, ба ҳайати тими миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил гардиданд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Уфа», Россия), Сафармад Ғаффоров («Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Вахдат Ҳанонов («Сипаҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов («Истиқлол»), Мусо Қаҳоров («Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғория), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Амадонӣ Камолов («Гул Гуҳар», Эрон), Фатҳулло Олимзода («Арсенал», Беларус), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»), Азизбек Ҳайитов («Равшан»), Шуҳрат Элмуродов («Хуҷанд»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Далер Шарипов («Шуртан», Ӯзбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).
Барои тими миллии кишвар бозӣ бо Камбоҷа рафиқона буда, вохӯрӣ бо Филиппин дар доираи даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 сурат мегирад.
ВАРЗИШИ САБУК
Бо иштироки варзишгарони тоҷик Чемпионати Осиё оғоз ёфт
27-уми май дар шаҳри Гумии Ҷумҳурии Корея Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук шуруъ гардид, ки то 31-уми май идома меёбад.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Осиё, дар 26-ум Чемпионати Осиё 750 варзишгар аз 40 давлати қора иштирок дорад. Аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар – Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Салим Сайдалиев, Муҳаммадризо Мирзозода, Леонид Пронженко ба Корея сафарбар гардиданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”