Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 9-уми Шурои машваратии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шакли гибридӣ – онлайн баргузор гардид.
Ба хабарнигори мо дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ки мавзуи асосии ҷаласаро арзёбии натиҷаҳои бадастомада дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, бознигарии ҳадафҳои стратегӣ то охири соли равон ташкил дод.
Мулоқоти котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо мушовири Шурои амнияти миллии Ироқ
Дар шаҳри Москва, дар доираи вохӯрии 13-уми намояндагони баландмақоми бахши амният, котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қасим ал-Араҷӣ мулоқот намуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ироқ дар масъалаи таъмини амният ва субот, инчунин, мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, бавижа терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, мавқеи ягона ва устувор доранд.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология
27-уми май вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селесте Сауло баргузор гашт, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мониторинги равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва иқдомоти муштаракро дар самти мазкур баррасӣ намуданд.
Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД
28-уми май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид, ки дар он вазири мудофиа, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд.
Дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир баррасӣ гардиданд.